Терроризм – хатар ба ҷаҳо, хатар ба инсоният

     Охиран ҳодисаҳои террористии дар Англия, Фаронса, Миср, Санкт-Петербург ва Афғонистон рухдода аз он шаҳодат медиҳанд, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.
Ҳанӯз пайомади ногувори амалҳои террористӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, ки наздик ба 3000 кас ҳалок ва садҳо нафари дигарро захмӣ намуд, аз хотирҳо фаромӯш нагардидааст. Террористон тавонистанд бо ғасби якчанд ҳавопаймо кирдореро анҷом диҳанд, ки дар таърих аз мудҳиштарин амали террористӣ ба ҳисобмеравад.
Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд.
Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст.
Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор.

Ассисенти кафедраи назарияи иқтисод

                  Фаёзова М.А       

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *