Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Аз Паёми Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти миллиро ба даст оварда, санадҳои ҳуқуқии худро қабул карда бошад ҳам, сохтани ҷомеаи нав ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил мебошад. Ташкилшавии ҳамагуна ҳаракатҳои динии ифротгарӣ, терроризм, экстемизм асоси дини исломро дар ҷомеа вайрон намуда, мақсадҳои сиёсии худро амалӣ менамоянд. Барои амалӣ намудани он аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ сӯиистифода менамоянд.
Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Дар навбати худ шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ – назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидаткунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.
Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.
Нодирҷон Ҷалолов,
мудири кафедраи молшиносӣ ва гумрук