Терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад

Решаи ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ ин ба гуруҳҳои бо ҳамдигар зид ҷудо кардани ҷамъият буд.Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 –ум барои мардуми сарзамини Тоҷикистон фаромушнашаванда аст. ҲНИ ақидаи худро ба ақидаи мазҳабӣ Имоми Аъзам муқобил гузошта диндоронро дар ду гуруҳҳои мухолифин ҷудо намуда, яке аз чунин қувваҳои ҷудоихоҳи рӯҳониёни бо идеологияи ваҳҳобӣ мусаллаҳ буданд. Аз ин кашмакашиҳо бадхоҳон дар навбати аввал олимон, нобиғаҳову ҷавонмардони миллат зарар дида ҳаёти осоиштаи мардум зери хатар монд. Зиёда аз 150 ҳазор аҳолии осоишта кушта шуда, 1 млн мардуми осоишта муҳоҷир шуданд. Ҳар як фарди ватандуст бояд миллату ватани худро ҳимоя кунад. Мо ҷавонони имруза барои ҳимояи ватани соҳибистиқлоламон бояд устувор бошем. Дар асрҳои миёна ва таърихи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидан мехостанд ба халқи одди зулм карда мақсадҳои худро амалӣ кунанд. Ҳоло ҳам амалҳои ифротгароӣ, экстримистӣ, террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ гардида истодааст.

Аз ин ҷиҳат Устодонро зарур аст, ки барои тарғиби зидди терроризм дар байни донишҷўён корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намоянд. Террористон мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозанд. Терорист дину миллат надорад.

Илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, бегонапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери танқид гирифтааст.

Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое пайдо шудаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фиребкорию, тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Бо назардошти руйдодҳои солхои охир оид ба масоили вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзаро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, кайд кардан бамаврид аст, ки бештар амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзоёни Ҳизби экстремистиву террористии Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба назар мерасанд. Тарафдорони ин ҳизби мамнӯъшуда зимни фаъолияти қаблиашон худро ба Ислом мепайвастанд, аз номи Ислом ҳарф мезаданд, то мавқеи хешро бо истифода аз номи дини мубини Ислом дар ҷомеа пайдо намоянд. Вокеан, дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад.

Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад. Имрӯзҳо беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.

Фаъолияти ғаразноки ҳизби мазкур аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тундрав шомил шуданд. Бо даъвати худ онҳо бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристоданд. Онҳо бо ҳама гуна роҳҳо фирефтагони хешро ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар намуданд, ки дар натиҷа садҳо кӯдакон бепадару модар монда, ҳазорон оиларо аз байн рабуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *