ТЕРРОРИЗМ ҲАМЧУН ҶИНОЯТИ ХАРАКТЕРИ МИЛЛӢ – БАЙНАЛМИЛАЛИ ДОШТА САРҲАД НАДОРАД

Терроризм  яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба ҳисоб  рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ   фаҳмида мешавад.  Терроризм ҳамчун ҷинояти характери миллӣ –  байналмилали дошта сарҳад надорад ва  ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона карда шудааст.

Ба  ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Вазъияти фазои динии ватанамон ба  ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонро ба ташвиш оварда, дар паи андешидани тадбиру чораҳои муосир саргардон кардааст. Ҷаҳони   имрӯзаро мушкилоти гуногун фаро гирифта, ки хатарноктаринаш пайдо кардани зуҳуроти терроризм мебошад.  Дар ҶТ Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ – мазҳабӣ мебошад. Дар баробари он қонуни мазкур метавонад амалҳои номатлуби  ин гурӯҳҳоро  маҳкум намуда  ба ҳар  категорияи вобастаи  ин  гуӯҳҳоро ҷавобгарӣ ва ҷазои маъмурӣ  татбиқ намояд. Терроризм дар асри мо ба ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад. Мутаасифона, гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин зуҳуротро дастгирӣ намуда, барои ташаккул ёфтани  он мусоидат мекунад. Вале боз масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки баъзе нафарон бахусус, ҷавонону наврасон, аз ҷумла аз кишвари мо ҳам ноогоҳона ба ин гурӯҳҳои даҳшатафкан шомил гардида,  оила ва Ватану миллати худро доғдор месозанд. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯровари дошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Мусоидати ҳар як фарди ҷомеа, пеш  аз ҳама падарону модарон, мақомотҳои дахлдори кишвар барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳо зарур аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошанд, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи падару модар низ зарур аст.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *