ТЕРРОРИСТИ №1 ДАР НАЗДИ ҚОНУН ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК ҶАВОБ ХОҲАД ГУФТ.

Симои фиребгаронаи террорости №1 Муҳиддин Кабириро ҳама хурду калони мардуми кишвар мешиносанду имрӯз дар ҳаққаш дуои бад доранд. Аз он рӯзе, ки Кабирӣ аьзои Ҳизби наҳзати ислом айни замон ТТЭ ҲНИ шуданаш мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб, алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда, худ фирор кард. Алҳол дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус хоҷагонаш кӯмаки молиявӣ гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи нави ТТЭ ҲНИ бо номи  “Паймонӣ миллӣ…”мунтазам баромад намуда, боз чун солҳои қаблӣ мехоҳад фазои кишварро буғранҷ кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои хоҷагони хориҷиаш хизмат намояд.

Кабирӣ асосан зимни баромадҳояш бештар нисбати фаъолияти роҳбарият ва дастоварди кишвар сухан ронда, бо ин васила худ ва ҳаммаслакони собиқашро “мусичаи бегуноҳ” шуморида, ҳамаи айбро ба гардани мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқӣ ҳавола кардан кӯшиш намуда истодааст. Хулоса, Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад худро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Вале, ба ҳамагон чиноятҳои содирнамудаи Кабирӣ ба ҳама маълуманд ва дар филми мустанади “Хиёнат” аз ҷониби шоҳидони воқеа бо далелҳои раднашаванда тасдиқ шудааст.

Мо боварии комил дорем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

                                                    УМУРОВ Х., ассистенти

кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *