Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Ба имзо карда шудани “Созишномаи умумии барқарор намудани сулҳ ва ризояти миллӣ” дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик бисту як соли муқаддам пур шуд. Мояи  қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки сол аз сол ҷой ва аҳамияти таърихию тақдирсозӣ ин падидаи беназир барои халқи Тоҷикистон ва он мардумоне, ки солҳои тӯлонӣ дар сарзаминӣ ҷангзадаи худ барои  истиқлолияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаву муназзам мубориза мебаранд, возеҳтару муқаддамтар мегардад. Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ ,Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳои бисёр карданд, то ки дар сарзамини тоҷикон сулҳ барпо гардад , хуни мардуми тоҷик дигар нарезад ва гурезагон баргарданд. Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремисти дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.

Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардидааст:

  1. Дар маънои «тарс», «даҳшат»;
  2. Дар маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».

Дар охири асри 19 аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум «террор» ва «терроризм» муайян карда шуда, аммо дар кушодани ин ду мафҳум ба ду мафҳуми гуногуни алоҳида маънидод намудаанд, яъне:

  1. «Террор» – ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.
  2. «Терроризм» – бошад, даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади мафҳумро васеътар намудааст.

Дар асоси қабули санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи амалҳои рухдода инчунин, бо дарназардошти фикру ақидаҳои олимон ва ҷудо намудани мафҳумҳои «акти террористӣ» аз «терроризм» ва муайян намудани худи мафҳуми «терроризм ва ба ҷамъият хавфнокии он» дар боби 21 Кодекси амалкунандаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «терроризм» дар моддаи 179 муқаррар карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тероризм – яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо.

Оид ба дуруст татбиқ намудани қонунгузорие, ки барои терроризм ҷавобгариро пешбинӣ намудааст, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҷавобгарӣ барои терроризм» 2 октябри соли 2003 № 18 қабул карда шудааст, дар он мафҳумҳое, ки аломатҳои таркиби ин ҷиноятро тавсиф медиҳанд, оварда шудаанд.

Объекти ҷинояти дидашаванда бехатарии ҷамъиятӣ ва амнияти давлат мебошад. Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмилали дошта сарҳад надорад. Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин чи тавре ки Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаднок қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».

Бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақомоти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул кардани қарорҳои ташкилӣ – идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст.

Тарафи объективии ҷиноят дар содир намудани чунин ҳаракатҳо ифода мегардад:

1) содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон;

2) дигар кирдорҳое, ки боиси хавфи марги одамон мегардад;

3) расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк;

4) ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок;

5) таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда;

Тарафи субъективии ҷиноят – гуноҳ дар шакли қасди бевосита.

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлуқа овардани одамон равона шуда тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.

Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бо муваффақият муқобили экстримизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст.

Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ – мазҳабӣ мебошад.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» таҳти мафҳуми ташкилоти экстремистӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие фаҳмида мешавад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбини намудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ даромадааст.

Бинобар ҳамин, дар назар доштан зарур аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ул-таҳрир» ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

1) Ал-Қоида

2) Ҳаракати Туркистони шарқӣ

3) Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии Ӯзбекистон)

4) Ҳаракати Толибон

5) Бародарони мусулмон

6) Давлати исломии Ироқу Шом

Ғайр аз ин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияти «Ҳизби Наҳзати Исломӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд.

Тибқи банди 5-уми Қарори Пленуми суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилотҳои экстремистӣ (террористӣ) аз 31 августи соли 2007, № 7 таҳти мафҳуми ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ ҳаракатҳое фаҳмида мешавад, ки кирдори шахс ё гурӯҳи шахсон барои таъсис додани чунин иттиҳод, ҷалб намудани аъзоёни он, таҳияи оинома ва барнома, муайян намудани сохтор ва вазифаҳои функсионалии ҷузъу томҳои он, тайёр кардани маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, шумораи аъзоёни чунин ташкилот, ташкили воҳидҳои марказӣ ва минтақавӣ, ташкили тарзи фаъолияти чунин иттиҳод ва манбаи моддии фаъолияти он равона карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, баъди таҳлил чунин хулосабарорӣ намудан мувофиқи мақсад аст:

1.Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ) миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстрмизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои диннӣ (экстремизми диннӣ) таъсир мерасонад.

2.Экстремизм гуногуншакл буда, мақсади он низ ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн мегардад. Мақсади онҳо – моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ғараз аст.

3.Таҷрибаи сиёсии экстремистӣ, инъикоси худро дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ пайдо намуда, ки ин дар шакли исён, ба фаъолияти шурангезона ва терроризм зоҳир мешавад.

4.Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.

Қобили зикр аст, ки кӯдакон, наврасон ва ҷавонон табақаи муҳими ҷомеа буда, андешидани тадбирҳои судманд баҳри некӯаҳволии онҳо ҳамеша зери диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Дар асоси чунин дастгириҳо ва ғамхориҳо аз ҷониби Сарвари давлат соли 2017  соли ҷавонон эълон гардид. Ғайр аз ин ҳар сол санаи 23 май дар ҳудуди ҷумҳурӣ рӯзи ҷавонон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Чӣ тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.

Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ дорем.

Муаллими калони кафедраи
забонҳ
ои хориҷии ДИСДДТТ,
Раҳимов Э.Э.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *