ДИИШ ва ҲНИТ ташкилотҳои террористӣ

Ман хамчун як омузгори донишгох, як фарди комилхукуки давлати азизамон – Точикистон тавассути шабакаи интернети доири мавзуи  баргузории ба ном “Мизи гирд”-ро, ки 2 – юми ноябри соли чори дар хошияи конференсияи Созмони Амният ва Хамкории Аврупо (САХА) бо ташаббуси якчанд нафар фаъолони  ташкилоти террористи ва экстремистии Хизби нахзати исломии Точикистон ва созмони гайридавлатии  ”Евраазияи Диалог” дар пойтахти Австрия шахри Вена баргузор шуд, шинос гардида  аз ин навиштахо ба ХНИТ нафратам беш гашт.

Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда қайд намуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқадоранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

Имрўзҳо  терроризму экстремизм  тамоми ҷаҳониёнро ба ваҳшату  даҳшат  овардааст.  Амалҳои террористӣ дар Фаронса, Сурия, Амрико, Олмон  ва  дигар  давлатҳои ҷаҳон  аз он шаҳодат медиҳанд, ки  дар замони имрўза  террористон бе тарсу ҳарос  куштор, ѓоратгарӣ,  таркондан, истифодаи маводҳои заҳролудкунандаро истифода  бурда, хиёнат бар ватану халқи худ бераҳмона анҷом медиҳанд.

Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1  имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини ислом нагарданд. Зеро хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои  нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист,  амалӣ  созанд. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташон ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Аз ҷиҳати этимологӣ мафҳуми терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука» ва «воҳима» буда, он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан  амалӣ карда мешавад.

Умуман мафҳуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Умуман, дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Терроризм аз рӯи хусусияташ  гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира  дорои чунин  шаклу намуд мебошад:

– таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бехонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон розӣ шаванд (ё ки қисман розӣ шаванд).

-куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ пеш аз ҳама ба он равона карда мешавад, ки ягон нафар шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ (ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон  бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд. Дар ин ҷо дар хусуси содир намудани кушторҳои дархостӣ: куштори  Минҳоҷ  Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афарзод дар Тоҷикистон, Индира Гандӣ, Раҷив Гандӣ (Ҳиндустон) ва ғайраҳоро мисолҳо овардан мумкин аст.

– рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда мешавад.

Асосан рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо, ё ин ки ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин намуди акти террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.

Ба ёд биёрем воқеаҳои дар шаҳри Будённовск, театри Нордост (Москва) ё Беслани Федератсия Росия рӯйдодаро, ки террористон чӣ гуна барои ба ҳадафҳояшон расидан пешниҳодҳо карда буданд ва оқибати ин амалҳо бо чӣ анҷомид.

– таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ;

Ин намуди акти террористӣ ба он равона карда мешавад, ки ташкилотҳои террористӣ ё террористони алоҳида ба воситаи таҳдиди куштан ва несту нобуд кардан аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани ин амал ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин шакли намуди акти террористиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.

– ташвиқоти терроризм;

Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд, инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ, чун қувваҳои озодихоҳӣ ба даст овардани мустақилият эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Дар асл бошад онҳо дар ҳудуди давлати ҷойгиршудаашон истода, бо роҳҳои истифодабарии амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсир мерасонанд.

– созмон додани ташкилотҳои террористӣ;

Ташкилотҳои террористӣ аз қабили «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида» ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё ки аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд, ё ки аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Дар ин хусус метавон ташкилоти экстремистии «Ансоруллоҳ»-ро, ки аз ҷониби Табаров Амриддин сокини ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, мисол овард

ӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ;

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини  асри ХХ-ХХ1, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ин сарзамин пайдо гардида, таъсири манфии худро низ расонидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ин равандро омӯхта, дар ҷомеаи хеш онро бартараф сохт ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории худ ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид кард. Ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна  зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Барои ба ҳадафҳои  нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ низ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайрави мазҳаби ӯ мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, онҳоро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.

Ҳол он, ки агар назар афканем, дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи давлат чӣ қадар масҷиду марқадҳо ва оромгоҳҳои шахсони бузурге, ки дар соҳаи дини ислом маъруфу машҳур буданд, таъмиру тармим карда шуда, хотираашон ба некӣ арҷгузорӣ карда шудааст.

Бо забони тоҷикӣ аз чоп баровардани китоби муқаддаси «Қуръон» ва дигар адабиётҳои динӣ, кушодани Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ дар пойтахти мамлакат, имконоти озодонаи зиёрати хонаи Худо, ки барои шаҳрвандони мамлакат имконпазир гардидааст, аз он далолат медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тараққиёти ҷомеа имрӯзҳо барои ба ҷо овардани рукнҳои дини мубини ислом боз ҳам шароитҳои хубро фароҳам оварда истодааст.

Соли 2009-ум бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзамро қайд карда, ба ҷаҳониён нишон дод, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ буданаш ба шаҳрвандони худ дар доираи Сарқонун (Конститутсия) имконоти васеи амалгардонии анъанаҳои дину оини хешро фароҳам овардааст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 бо тариқи возеҳу равшан оварда шудааст, ки кадом мақомоти давлатӣ барои мубориза бурдан бар зидди экстремизм сафарбар карда мешаванд.

Субъектҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо мебошанд, ки дар доираи салоҳияташон низ барои мубориза вазифадор карда шудаанд.

Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ  мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳо андешида шуда истодаанд. Дар ин радиф метавон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, ташкили рӯзҳои фарҳангии манотиқи кишвар ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фароғатиро мисол овард. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик имрӯз хуб дарк кардааст, ки терроризму экстремизм падидаҳои  номатлуб барои ҷомеа буда, мубориза бурдан бо онҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандии онҳост. Пас месазад дар ин замина иброз дошт, ки халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни терроризму экстремизм ба ормонҳои гузашта ва ҳадафҳои олии мамлакати хеш мерасанд!

                                                              Эшонова Д.Т.

 

6 Комментариев для “ДИИШ ва ҲНИТ ташкилотҳои террористӣ”

  1. Бисёр маколаи хуб, тахлилхои вокебинона!

  2. Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

  3. Шаклу намуди терроризм хуб тахлил карда шудааст. Худованд кишвари моро аз ин бадбахтию офат нигах дорад.

  4. Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик имрӯз хуб дарк кардааст, ки терроризму экстремизм падидаҳои номатлуб барои ҷомеа буда, мубориза бурдан бо онҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандии онҳост. Пас месазад дар ин замина иброз дошт, ки халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни терроризму экстремизм ба ормонҳои гузашта ва ҳадафҳои олии мамлакати хеш мерасанд!

  5. Ислом ба зоти худ надорад айбе,
    Хар айб, ки хаст дар мусалмонии мост,

  6. Ислом ба ягон хизб эхтиёч надорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *