ТЕРОРИЗМ – ҲАМЧУН ТАҲДИДИ АМИҚИ БЕХАТАРИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Терроризм чунин шакли гурӯҳҳои ҷинояткор мебошад, ки ба марги беасоси мардум, талаю тороҷи молу мулки онҳо, тарсонидани онҳо сабаб мешавад. Мақсади шахсоне, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, чи дар сатҳи ягон маҳалли муайян ва чи дар сатҳи байналхалқӣ, таҳдид намудан ба бехатари халқи оддӣ ва харобкорӣ мебошад. Инчунин мақсади чунин гурӯҳҳои бо истифода аз хурофоту таҳдидҳои динӣ тарсонидану ба роҳи каҷравон намудани мардуми хусусан ҷавон мебошад, ки фикри мустақилона надошта, ба чунин равияҳои беасос тез банда мешаванд.

Тибқиқонуни «Оидимуборизабо терроризм», террор – инсодирнамуданитаркишҳо, сӯхторҳо ва дигар амалҳо, кихатаримаргимардумвазарар ба моликиятионҳоро ба миёнмеорад.

Сабабҳоитерроризмромуҳақиқон ин тавр муқаррарнамудаанд:

– ҳаллуфаслнашуданимуаммоҳоииҷтимоӣ, миллӣвадинӣ, ки дар ҷомеавуҷуд доранд;

– ҷанг ва задухӯрдҳои ҳарбӣ, ки дар доираи онҳо санадҳои террористӣ ба қисми амалиётҳо ҷанги дохилӣ табдил меёбанд;

-мавҷуд будани гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳамсояҳои дуру наздики худ, ки  бо сатҳи баланди таъминоти моддӣ ва маданият, қудрати сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии худ фарқ мекунанд.

– мавҷуд будани ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои пинҳонӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ ва сектантӣ, ки худро дорои қобилиятҳо ҷодугарона меҳисобанд ва қарори худро «Ягона қарори дуруст» меҳисобанд. Ба фикри онҳо амалҳои содирнамудани онҳо ягона амали дуруст буда, ҳаёти онҳоро куллан ба беҳбудӣ меорад ва руҳи онҳоро абадан аз азоб озод менамояд.

Дар Федератсияи Россия аз рӯи одатҳои қадима истифодаи усулҳои терроризм пеш аз ҳама барои ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ истифода бурда мешуд,аз ҷумла ҳалли худро наёфтани масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва молиявӣ дар сатҳи қонунгузории давлат, инчунин низоъҳо дар вақти тақсимоти моликият ва аз тарафи органҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳофизат нашудани соҳибкорон ва тоҷирон.

Иштирок дар амалиётҳои террористӣ аз террорист худсафедкунии дохилиро талаб мекунад. Аз ноустувории характери ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба равияҳои номатлуб ҷалб кардан  хеле осон аст. Ба доми ташкилотҳои террористӣ ҷавонон одатан бо воситаи гурӯҳҳои идеологию динии намуди «Аум-Сенрикё» ё «Красных бригад» меафтанд.

Агар аъзоёни ин гурӯҳҳо муддати дурудароз дар шароитҳои махсус, яъне машқҳои фаъоли террористӣ, ки аз технологияҳои махсуси коркарди психологӣ иборат мебошанд, воқеъ гашта бошанд, пас муҳите ба миён меояд, ки онро муҳити террористӣ меноманд. Ба шахсон-аъзоёни ин гурӯҳҳо, шуури махсус хос мебошад. Ҷаҳонбинии ин тоифа одамон ҷаҳонбинии соф динӣ-фидоӣ мебошад. Барои онҳо таҳлил намудани оқибатҳовамақсади терроризм хоснест.  Ҳамзамонбароитеррористонҳиснамуданибартарии худ нисбат ба «шахсониоддӣ» хосмебошад. Ва, ниҳоят, онҳонисбат ба дардуаламишахсонихудӣвабегонаэҳсосиниҳоят паст доимо бароикуштанвакушташуданомодамебошанд.

Бар хилофи олами ҷинояткорон намояндагони муҳити террористӣ худро пешвои муҳофизони идеалҳо ва рағбатҳои олӣ меҳисобанд.

Таҳкурси идеологии чунинташкилотҳоаз тарафигурӯҳи «интеллектуал-назариячиён» кор карда баромадамешавад, кимарказиидеологии ингурӯҳҳоро ташкил медиҳад ва дар атрофи онҳо ташкилотҳои ҳарбии террористӣ ташаккул меёбанд.

Ҳамзамон дар шуури аҳолӣ ки шомили гурӯҳҳои оппозитсионӣ мебошанд, чунин фикре пайдо шудааст, ки дастрас намудани мақсадҳои олии худро танҳо бо дастгирии террористон ноил шуда метавонанд.

Ҳамин тавр барои роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ шароити мусоид барои талаб намудани таъминкунӣ, маблағгузорӣ, рӯйпӯшкунӣ ва ғайра пайдо мешавад.

Терроризм дар шаклҳоидилхоҳизоҳиршавии худ ба яке аз муаммоҳоихатарноктарин, пешгӯинашавандаваоқибаовари муосир табдил ёфтааст. Шаклҳои дилхоҳи зоҳиршавии терроризм ҳарчи бештар ба бехатарии мамлакатҳои бисёр ва аҳолии онҳо таҳдид мекунад, зарарҳои молиявӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ меоварад ва ба мардум фишори руҳӣ меоварад ва ҷони мардуми бегуноҳро ба яғмо мебарад.

Ташкилотои террористӣ дар шароитҳои муосир бо технологияҳои муосири алоқа муҷаҳҳаз шудаанду сарҳадҳои давлатӣ барои онҳо монеа намешаванд. Барои аъзоёни ингурӯҳҳо пинҳонкунии мавқеъва аломатои беруна, интихоби аъзоёни гурӯҳ мавҷуд будани агентҳо дар органҳои давлатӣ, базаҳои таълимӣ маҳсулнокии амалиётҳои гузаронидашаванда хеле муҳим мебошад.

Хусусияти хоси терроризми замонавӣ ин характери байналмилалӣ доштани он мебошад. Ташкилотҳои террористӣ органҳои ягонаи идоракунӣ, системаи идоракунии банақшагириро ташкил медиҳанд.  Роҳбарони гурӯҳҳои нисбатан калон ба қадри кифоя тез-тез вохӯриҳо баргузор намуда фаъолияти ташкилотҳои худро идора мекунанд.

Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд. Амалҳои террористӣ ҷиноятҳои байналмиллалӣ ҳисобида мешаванд ва ба тартиботи ҳуқуқии байналхалқӣ зарари ҷиддӣ меравонад. Бинобар ин дар минтақаҳои ба ҳам наздики рӯи замин ва имконият бошад дар тамоми олам муборизаро бар зидди ин равияи номатлубӣ замон бояд муттаҳид намудан зарур аст.

Каримова И

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *