Теғ бар решаи терроризм ва эктремизм

 

Амалҳои террористӣ дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кишта, низоъҳои мусаллаҳонаро ба бар меоранд ва дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд. Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошанд , ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода , ба ин васила даст задан ба даҳшатафкани расидан ба мақсадҳои хешро асоснок карданӣ мешаванд. Зери мафҳуми терроризм ҷинояти дуздидани одам бо мақсади рӯёнидани маблағ , куштор дар заминаи сиёсӣ, усулҳои мудҳиши амалиёти ҷангӣ , рабудани нақлиёт ва силоҳ , яъне истифодабарии қувва фаҳмида мешавад, ки ба муқобили давлат , моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.Амалиёти террористӣ сол то сол муташаккил гашта , террористон аз техникаю лавозимоти ҷангии ҳозиразамон васеъ истифода мекунанд. Дар минтақаҳои гуногуни олам гурӯҳҳои радикалии сиёсӣ ва миллӣ даст ба усулхои мусаллаҳонаи террор зада , барои расидан ба ҳадафҳои худ шабакаҳои муташаккили пинҳонкорӣ, анборхои силоҳу моддаҳои таркандаро таъсис медиҳанд. Дар баробари ин, муассисаҳои молиявиро ташкил медиҳанд, ки сарчашмаи маблағгузории терроризм ба шумор мераванд. Аз ҳамин лиҳоз , барои муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти ниҳоят хавфнок ҳамкории ҳамаи давлатҳо дар сатҳи олӣ ва таъсиси ташкилоти байналмилалӣ оиди мубориза бо терроризм зарур мебошад.Бояд қайд намуд , ки терроризми муосир ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. Ҳамин тариқ муаян карда шуд, ки мақсади асосии пешвоён ва  аъзои фаъоли ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда кӯшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор сохтан иборат мебошад.

Ҳизби ифротии назҳат аз оғози фаъолият то имрӯз бисёр ҷиноятҳоро содир намудааст.

Терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор меравад. Ҷараёнҳои экстремизмистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя менамояд.Терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда , бо шаклу тобишҳои гуногун амалӣ мегардад ва пешгӯи кардани он душвор аст .

Бояд қайд намуд , ки терроризми муосир ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. . Ин аст, ки решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлату миллат, вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Имруз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демоктарӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф гардида, барои беҳдошти рӯзгор ва сулҳу ваҳдат дар сайёра тариқи созмонҳои байналмиллалӣ ҳамеша талош меварзад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободӣ ва сарсабзии Тоҷикстон камари ҳиммат баста, пайи ҳифзи амният ва суботи Тоҷиикстони азиз парчами нангу номус барафрохтанд.

Барои пешгирии ин маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро бояд баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки имсол 30-солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.

Ассистенти кафедраи  ҷомеашиносӣ

Мунаварова Д.О.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *