Таъсиси “Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик”-ро дар Полша дастгирӣ мекунем!

Гуруҳи ҷавонони Тоҷикистон дар Полша алайҳи гуруҳҳои зиддиконститутсионӣ ва ба ҷонибдории Пешвоми миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 сентябри соли равон “Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик”-ро таъсис додаанд.

Тавре дар изҳороти “Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик”-и Полша, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр намудааст, иттилоъ дода мешавад, ҷамъияти навтаъсис, сиёҳкории гуруҳҳои зиддиконститутсионӣ дар Аврупоро маҳкум мекунад.

Гуруҳи донишҷӯёни тоҷик, ки теъдодашон 270 нафар мебошад, изҳор доштаанд, ки ҷамъиятро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон таъсис додаанд.

“Фаъолияти ноҷавонмардона ва амалҳои иғвоангези гуруҳҳои зиддиконститутсионии Тоҷикистон, бахусус фаъолону роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломиро, ки дар кишварҳои Аврупо худро паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ карда, Ватани худ, миллати худ, халқи худ, қавми худ, давлати худ ва тамоми арзишҳои ватандориро дар назди ҷомеаи Аврупо сиёҳ мекунанд, ҳамзамон барои равнақи Точикистону ободию осиштагии сокинони кишвари азизамон бо ҳар роҳ монеа эҷод мекунанд, бо чашми худ дар  Полша дида ва эҳсос карда, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллии мо, донишҷӯёни тоҷик боло гирифт ва моро нагузошт, ки ба ояндаи Ватанамон бетарафӣ намоем”, — омадааст дар изҳорот.

Онҳо таъкид намудаанд, ки зуҳуроти терроризму экстремизм, нооромӣ, бесуботӣ, иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ ва бенизомиро, ки роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом дар кишварҳои Аврупо пешаи худ қарор додаанд, маҳкум карда, маҳз барои рушди Тоҷикистон талош меварзанд.

Аъзоёни ин ҷамъият афзудаанд, ки барои дастгирӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳид шуда, тамоми қувваю дониш ва иродаи худро барои рушди Ватан равона мекунанд.

“Дар назди Ватану миллат ваъда медиҳем, ки дар кишвари  Полша бо сари баланд таҳсил карда, барои муарифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бо роҳи ноил шудан ба дастовардҳои бузург кӯшиш мекунем”, — омадааст дар изҳорот.

Мо устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ таъсисёбии “Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик”-ро дар Полша дастгирӣ намуда, алайҳи бадхоҳони миллат садо баланд мекунем ва намегузорем ҳизб ва ё гуруҳи ифротие ба амнияту осоиши Тоҷикистон халал ворид намояд.

Кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *