ТАШХИСОТИ ТАФРИҚАВИИ COVID-19 ВА ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ МУОЛИҶАИ ТАЪХИРНОПАЗИРИ ҲОЛАТИ СИРОЯТЁБӣ БО ВИРУСИ COVID-19

Аз моҳи декабри соли 2019 паҳншавии бештари вируси SARS-CoV-2 дар ҳудуди Ҷумҳурии халқии Хитой мушоҳида гардид, ки он ҷо вазъияти тасдиқшудаи бемории мазкур дар тамоми ташкилотҳои маъмурӣ ба қайд гирифта шуд. Миқдори зиёди беморон дар қисмати Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии халқии Хитой бо маркази сироятёбӣ дар музофоти Хубай (84% аз шумори умумии ҳолати сироятшавӣ дар ҶХХ) дарёфт карда шуданд.

Аз охири моҳи январи соли 2020 оғоз намуда, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳодисаҳои сироятёбӣ бо вируси COVID-19, ки бештари ин ҳодисаҳо бо сафарҳо ба ҶХХ вобастагӣ дошт, ба қайд гирифта шуданд. Дар охири моҳи феврал вазъияти эпидемиологӣ оиди сироятёбӣ бо вируси COVID-19 дар Кореёи Ҷанубӣ, Эрон ва Итолиё хеле бад шуда ва ин зуҳурот дар натиҷа, ба афзуншавии зиёди ҳодисаҳои беморӣ дар кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла, дар Русия ба мушоҳида расид. СУТ (Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ) 11 марти с.2020 оиди оғози пандемияи COVID-19 хабарҳо эълон намуд.

Сарчашмаи асосии сироятёбӣ ин шахси бемор, аз ҷумла, оне, ки дар марҳилаи бемории пинҳонӣ (инкубатсионӣ) қарор дорад, маҳсуб меёбад.

Зарурати тафриқоти сирояти нави коронавирусӣ бо зуком, бо сироятҳои шадиди вирусӣ, ки ангезандаи онҳо вирусҳо аз гурӯҳи ОРВИ ба ҳисоб мераванд, чун риновирус, аденовирус, РС-вирус, метапневмовирусҳои инсонӣ, MERS-CoV, зукоми ғайриоддӣ, вирусҳои бемории илтиҳоби рӯдаву меъда, ангезандаҳои бактериалии сироятҳои бемории шадиди роҳи нафас ва мон. инҳо ба миён омад.

Тӯлкашии мӯҳлати марҳилаи инкубатсионӣ-пинҳонии COVID-19 аз 2 то 14 рӯз метавонад давом ёбад, аммо, мӯҳлати миёна 5-7 рӯзро ташкил дода, ин вақтест, ки тӯлкашии мӯҳлати марҳилаи пинҳонии бемории зуком ва бемориҳои роҳи нафас ҳамагӣ беш аз 3 рӯз нестанд. Ҳангоми зуком беморӣ якбора оғоз шуда, ҳангоми COVID-19 ва бемориҳои шадиди роҳи нафас бошад, мунтазам шурӯъ мегардад. Дар мавриди сироятёбӣ чӣ бо COVID-19 ва чӣ бо зуком метавонад табларзаи баланд, сулфа, заъфу бемадорӣ эҳсос шавад. Дар давоми бемориҳои шадиди роҳи нафас табларзаи баланд, заъфу бемадорӣ камтар вомехӯранд. Боз як тарафи масъала ин аст, ҳангоми зуком ва бемориҳои роҳи нафас диққи нафас ва нафастангӣ нисбат ба COVID-19 камтар мушоҳида мегарданд.

Ҳангоми вируси илтиҳоби рӯдаву меъда вайроншавии кори узви ҳозима ба назар бештар расида, аломатҳои зарарёбии кори узвҳои нафаскашӣ хеле кам ба мушоҳида мерасанд.

Умуман, ҳангоми гузаронидани ташхисоти тафриқавӣ маълумотҳои ҷамъоваришуда оиди пайдоиши беморӣ, аломатҳои клиникӣ ва ҷараёни инкишофи онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Дар ҳамаи ҳолатҳои шубҳанок бояд тадқиқот ба SARS-COV-2 ва ангезандаҳои он ва дигар сироятҳои бемории роҳи нафас гузаронида шавад.

Шабоҳати тасвири клиникии шаклҳои сабуки COVID-19 –ро бо тасвири клиникии бемориҳои зукоми мавсимӣ ба назари эътибор гирифта, то тасдиқёбии ташхиси этиологӣ ба нақшаи муолиҷот он дорувориҳое, ки барои табобати бемории зукоми мавсимӣ тавсия мегарданд, ворид намудан ба мақсад мувофиқтар аст. Чунин дорувориҳо, ба монанди шаклҳои интраназалии ИФН-а, дорувориҳои индукторони ИФН, инчунин, дорувориҳои зиддивирусии доираи фаъолнокиашон васеъ, чун умифеновир.

Бо сабаби мавҷудияти ночизи далелу исботҳо оиди воқеиятнокии муфид будани дорувориҳои дар боло зикршуда дар муолиҷаи COVID-19 зарурати маълумотнокии иловагии маризро оиди таъиноти табобат бо ин дорувориҳо лозим мешуморем. Тибқи тавсияҳои СУТ, бо мақсади тиббӣ таъиноти дорувории «off – label» ки таъсири этиотропӣ дорад, натиҷаи мусбиро эҳтимолан хоҳад дод, яъне, истеъмоли дорувории мазкур бо мақсади тиббӣ, ки ин ҷо истифодаи худро меёбад, аз рӯи дастуроти тиббии доруворӣ оиди истеъмолот мувофиқат надорад. Чунин таҷрибаи истифодаи мақсадноки дорувориҳо берун аз доираи таъиноти доруворӣ дар муолиҷаи бемориҳои гуногун дар тамоми ҷаҳон эътироф гардидааст.

Тибқи тавсияҳои СУТ истифодаи хуни (плазмаи) донорони реконвалессент (бо маънии: шахсоне, ки далелан бо COVID-19 сироят ёфтаанду дар зинаи муолиҷавӣ, яъне, шифоёбӣ қарор доранд) бо мақсади табобати беморӣ, ки бо хурӯҷи касалӣ ва ҳанӯз мавҷуд набудани муолиҷаи махсуси ин беморӣ вобастагӣ дорад, таҳти консепсияи эмкунии ғайрифаъол асос ёфтааст. Аз рӯи маълумотҳои интишорёфта дар ҶХХ ва кишварҳои дигар барои муолиҷаи беморон хуни (плазмаи) аз донорони реконвалессенти COVID-19 ба даст овардашуда истифода бурда шуда, амалиёти мазкур дар дастуроти миллии роҳбарикунанда инъикоси худро ёфтааст.

Омодакунӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифодаи клиникии плазмаи антиковидӣ тибқи талаботҳое, ки бо қарори Ҳукумати миллӣ муқаррар шудааст, бояд анҷом ёбад.

Истифодаи клиникии плазмаи антиковидӣ бояд дар ҳолатҳои зерин ба роҳ монда шавад:

  1. Дар марҳилаи аз 3 то 7 рӯзи пайдошавии аломатҳои клиникии бемории мазкур дар маризон: вақте бемор дар ҳолати вазнин бо натиҷаи мусбии тадқиқоти ташхисгоҳ ба РНК – и SARS-CoV-2 қарор дорад; вақте ӯ дар ҳолати вазнини миёна бо нишонаҳои ОРДС қарор дорад.
  2. Ҳангоми тӯлкашии беморӣ беш аз 21 рӯз ва натиҷаи дилхоҳ надодани муолиҷаи гузаронидашуда – вақте бемор бо натиҷаи мусбии тадқиқоти ташхисгоҳ ба РНК – и SARS-CoV-2 қарор дорад.

Дар мавриди зарурат ҳангоми дарёфти аломатҳои беморӣ дар мариз эҳтимоли гузаронидани тадохули (трансфузияи) такрории плазмаи антиковидӣ ба назар гирифта шудааст.

Хулоса, вируси COVID-19 ҳанӯз муолиҷаи махсуси аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб эътирофшударо соҳиб набуда, аммо роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ муқаррар шудааст, ки ин пеш аз ҳама, усули риояи беҳдошти шахсӣ ва тарзи солими ҳаёт мебошад.

Муҳиба Комилова,

номзади илмҳои биологӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *