ТАШАББУСИ НАВБАТИИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЛАЙҲИ ХАТАРҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР !

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони муосир ҳамчун шарики мутақобилаи тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш зоҳир менамояд. Сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ  ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки солҳои охир  бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарзамини Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамгироӣ ва амнияти минтақа, умуман тахдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор мегарданд ва ин иқдом ба ҳукми анъана даромадааст. Чунончӣ, бо ташаббуси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  санаҳои 18-19 октябри соли равон, дар шаҳри Душанбе  вобаста ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагии беш аз 50 давлат, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Осиё ширкат доштанд, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш диққати иштирокчиёни ҳамоишро вобаста ба масъалаи муборизаи самаранок бар зидди падидаҳои харобиовари муосир ҷалб намуда, ҷиҳати  пешгирӣ намудани падидаи номатлуб, аз ҷумла, қайд карданд, ки   танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад ва он чораҳои дастаҷамъиро тақозо мекунад. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади роҳандозии ин чораҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Баробари ин, қайд карданд, ки бинобар рушди босуръати технологии соҳаи мудирияти сарҳад, имрӯзҳо зарурати таъмин намудани мақомоти назорати сарҳадӣ бо технологияҳои муосир барои сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, ки нияти рахна кардани низоми сарҳади давлатиро доранд, ба миён омадааст. Баҳри амалӣ намудани ин иқдом омӯзиши таҷрибаи кишварҳои тараққиёфта ва марҳала ба марҳала ҷорӣ кардани стандартҳои пешқадами байналмилалиро дар мудирияти сарҳади давлатӣ тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, дастрас намудани василаҳои аз лиҳози фанноварию техникӣ пешрафта ва боэътимод дар ин масир яке аз вазифаҳои асосии муборизаи муштараки сатҳи байналмилалӣ бо терроризм дониста мешавад. Дар фарҷоми суханрониашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намуданд, ки  барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дониш ва таҳкими иқтидори давлатҳо дар мубориза бо терроризм мувофиқи механизмҳои мавҷуда ҳамкории зич дошта бошанд ва дар ёфтани роҳҳалҳо ҷиҳати расидан ба ҷаҳони озод аз терроризму ифротгароӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

        Воқеан, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Бахусус, имрӯз доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонидааст.

        Хулоса,  ҷиҳати тақвият бахшидани ташаббуси навбатӣ ва суханрониҳои пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд кардан зарур аст, ки мубориза бар зидди терроризм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама, дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм мусоидат мекунад.

         Умуман, тоҷикистониён терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати фаъолияти ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин падида дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад. Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизм саҳми муносиби хешро мегузорад.

       Дар фарҷоми андешаи хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир  ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон, пеш аз ҳама, намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.

Ф. МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *