Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бо назардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, ба даст гирифтааст. Бо гузашти беш аз як сол, яъне аз моҳи августи соли 2021 тарафдорони ин гурӯҳ то имрӯз ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда истодаанд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Умуман ноустувории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, бекории зиёд дар қаламрави Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар кишвари ҳамсоя афзояд. Дар бораи бадбахтии дигар набояд фаромӯш кард, ки гардиши маводи мухаддир, ки дар як сол дучанд шуд. Ин сироят аз таҳдиди террористӣ бадтар нест, зеро ояндаи минтақаро мекушад, зеро нашъамандӣ як вабоест, ки пеш аз ҳама ҷавононро фаро мегирад. Ба он бояд тамоми аҳли олам муқобилат карда, ҳамсояҳоро ба сулҳу осоиш ташвиқ кунанд, зеро маҳз аз дасти онҳо истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар мутамарказ шудааст.
Дар робита ба ин қайд кардан зарур аст,ки як сол пеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоии кунунии Афғонистон, аввалинҳо шуда, дар сатҳи байналмилалӣ оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ташаббуси шоистаро роҳандозӣ намуданд. Масалан, санаи 16- 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ташкили Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масоили мавзуи Афғонистон, ки он ҳам бо риояи урфи дипломатӣ сурат гирифт ва сарони давлатҳо мавқеи хешро баён намуданд. Дар ин росто, таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасмимгириҳои саривақтӣ оид ба вазъи Афғонистон дар ҷаласаҳо ба зуҳур омад.
Давлатҳои аъзои СҲШ, СААД ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои мавриди назари кишвари мо нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Баробари ин бояд тазаккур намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлати Афғнистон бетараф бошанд. Ҷиҳати пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардум бояд бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроғавӣ дареғ надоранд ва бетарафиро касб накарда,аз коғазу арзу баён ба амал гузаранд.
Инчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , санаҳои 18-19 октябри равон, дар шаҳри Душанбе вобаста ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар конфронси мазкур беш аз 50 давлатҳо, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ширкат доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили Афғонистон суханронӣ намуданд. Зимни суханронии хеш Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст.
Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далел ва боварии комил гуфта метавонем, ки бо ташаббусҳои пуразиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахс боз руҳу қувваи нав гирифта, соҳибватан будани худро аз сидқи дил эҳсос менамояд. Умуман сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд.
Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки воқеан ташаббусҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва баргузории чорабиниҳои зикршуда, боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд ва масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло мебардорад. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт.
Ф.МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ