¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Донистану омўхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрўзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини бихиштосо буд, ки бо амри такдир аз рўзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Точикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро бо корҳои бунёдкоронаю созандаи худ назди халқу миллаташ исбот намудааст. Точикистонро имрўз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд. Дар тўли садсолахои зиёди таърихии пурфочиаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт. Лекин, ошуфта шудани собиқ, раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ, беватанӣ, дур аз хешу табор ва бозичаи дасти хориҷиён гаштани ў гох- гох овози худро аз хориҷи кишвар бароварда, қисме аз муҳоҷирони хамватанро думболи худ мекашад. Ба наздикӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҳамоише, ки таҳти роҳбарии собиқ раиси Ҳизби мамнўъ шудаи Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардид, пайдо шуд, ки он пурра ғаразнок буд. Кабирӣ хуб медонад, ки гуноҳаш дар назди миллат хеле вазнин аст, бинобар ин талошҳояш баҳри сафед кардани зертобеъони маҳкумгаштааш тавассути ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш ўро маҷбур месозад, ки дар байни баҳри беканор дасту по занад, то ки ғapқ нашуда ба хушкӣ бирасад. Махсусан, ҷашни 21-умин солгарди Вахдати миллӣ соли чорӣ исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон дастгири сиёсати имрўзу фардои Ватан мебошанд. Таърих ҳеҷ гох, фаромўш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим пиндоштан, бегонапарастии динӣ ва сиёсӣ магар шараф аст, ки Кабириҳо бар муқобили халқу миллати худ онро раво медонанд. Имрўз манбахои исломӣ ба ҳама дастрасанд. Муқаддастарини он ки Қуръони шариф аст, ба ҳама забонҳо онро метавон мутолиа кард. Мо набояд бо рафтори бади худ ба Ислому Қуръон доғи бад орем. Чӣ хеле, ки сарчашмаҳои илмӣ исбот намудааст, дини Ислом ба ягон ҳизбу қонун, низомномаву оиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Солҳо шоҳидем, дар давлатхое, ки азҳоб, аз ҷумла ҳизбхои динӣ талоши ба сари қудрат расиданро доранд, фақат кашмакашиву ихтилофхо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ, мефавтанд. Мардуми мо дар ҳақиқат зудбовар ҳаст, чӣ хеле, ки дар давраи фаъолият доштани ТТЭ ҲНИ ба хотири ҳизби исломӣ будан “гунаҳкор” нашавем гуфта, ин ҳизбро қисме аз одамон пуштибонӣ мeкарданд. Намедонистанд, ки роҳбарияти ин ҳизб ба хотири расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи поки дини ислом пайваста истифода мекарданд. Ҳоло ҳам М. Кабирӣ беватан дар хориҷи кишвар пуштибонӣ аз Ислом шиори худ намоиш дода, мехохад таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бaд намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, манфиате ба худ бардорад ва чунин тарзи зиндагиашро пеш барад. Мо тоҷикон, ки мусулмон ҳастем, ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми ватани хеш ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини муқаддаси Ислом дар пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ бояд хушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр намоем. Танҳо дар ҳамин заминаи аҷдодӣ мо худро чун дар оғўши беғурбати Модар эҳсос намоем.
¶ 2
Leave a comment on paragraph 2 0
Малика Абдурашидова
ассисенти кафедраи молия ва қарзи
ДИС ДДТТ