Тантанаҳои наврӯзӣ дар ДИС ДДТТ

Ба ифтихори таҷлили ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ дар ДИС ДДТТ чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Директори донишкада номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода устодону донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба муносибати фарорасии соли нави аҷдодӣ, ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилал шодбош гуфта, барояшон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно кард.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва собиқадорони меҳнат аҳли ҷомеаи донишкадаро бонуи равшанзамин Шуҷоат Ҳасанова табрику таҳният гуфта, ҷашни Наврӯзро оғози бедории табиат ва иди сари сол унвон кард.
Сипас, барномаи рангини адабию фарҳангии донишҷӯён манзури иштирокдорони базм гардид, ки онҳо бо сурудҳои дилнишин, рақсҳои мавзун, баргузории озмунҳои гуногун ва ороиши дастурхони наврӯзӣ хотири иштирокчиёни чорабинии наврӯзиро болида гардонданд.


Баъдан маликаи Наврӯз, Бобои деҳқон ва Баҳори нозанин ба саҳна баромада, аҳли нишастро ба ҷашни фархундаи аҷдодӣ табрик гуфтанд. Мусобиқаи вазнбардорӣ байни донишҷӯён хеле шавқовар гузаронида шуд, ки ҷавонони сарбаланд бо неруи бозуи рустамонаи хеш гурзро бардоштанд.
Баъдан озмуни «Беҳтарин дастархони наврӯзӣ», «Беҳтарин иншо», «Беҳтарин рӯзномаи деворӣ» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин ғолибони озмуни намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибон диплому ифтихорномаҳо тақдим гардид. Барои фаъолияти пурсамар як зумра устодон ва саҳми арзанда гузоштан дар ободии донишкада кормандони хоҷагӣ бо сипосномаи раёсати ДИС ДДТТ сарфароз гардонида шуданд.


Барномаи рангини наврӯзии донишҷӯён хотири аҳли нишастро болида гардонд. Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай бо оростани дастархони наврӯзӣ ва риояи суннатҳои ин иди аҷдодӣ ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *