Мусаллам аст, ки шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза – воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарияти Паймони миллӣ (ПМ) ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ аст. Мо созмони мазкуррро бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносем, ки раҳбарияту аъзоёнаш асосан дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони хориҷиаш паноҳ ёфта, фаъолияти иғвогаронаи худро ба роҳ мондаанд ва рафтору гуфтори бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум намуда, борҳо нисбаташон андешаронӣ карда будем.
Зимни андешаронии навбатиамон қайд меамоем, ки дар ҷомеаи муосир калимаю мафҳумҳои нав пайдо шудаанд. Масалан кибертерроризм. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Дар робита ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки қаблан намояндагони ТТЭ ҲНИ, ПМ, дар навбати аввал ҷавононро ҷалб менамуданд, ки нафарон таҷрибаи кофии рӯзгор надоштанд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Имрӯзҳо бошад гурӯҳҳои ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ асосан аз технологияҳои муосири итилоотӣ аз афзалияту бемаҳдудияти шабакаҳои иҷтимоӣ корҳои ташвиқотииро ба роҳ монда, боз дар мафкури ҷавонони камтаҷрибаву ногоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат даъват менамоянд. Яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ собиқ сомонаи Akhbor.com мебошад, ки бо тез тез иваз намудани ном ба амсоли “Илоҳ нет, ҳамкориашро бо барномаҳои ифротӣ, аз қабили фротӣ “Паймони миллӣ” ,”Садои мардум”, “Ҳак ва ботил” ва “Минбари мухоҷир” ба роҳ монда, аз зери нохун чиркро мекобаду мардумро хира намуда,ба роҳи гумроҳӣ тела додан кӯшиш дорад. Баробари ин , агар ба таҳлилҳои оморӣ назар афканем дар ҷаҳон беш аз 4,5 миллиард истифодабарони шабакаҳои иҷтимои мавҷуд буда, 55, 3 фоизи он ҳарӯза ба сомонаи интернетӣ ба шабакаҳои facebook ва odnoklassniki ворид мешавад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон солҳои охир назди зиёда аз 1.6 миллион ё 19 фоиз аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Аммо маҷмӯан, тибқи таҳлилҳо 5,8 соати вақти истифодабарандагон беҳуда мегузарад, ки он нисфи вақти ҳамарӯзаи моро ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилоотӣ дорои хусусияти таблиқкунандаии тероризму экстеремизм бештар паҳн мешаванд.Асосан хабарҳои бардуруӯғ, танқид ва иттилоои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба тахлуқа ва тарсу ваҳм меандозанд.
Аъзои гуруҳҳои ифротӣ бо роҳи пинҳони ё тариқи ошкоро таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё месенҷерҳо, facebook, You Tube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники), Instagram ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ, чи хеле ки зикр намудем ҷавононро фиреб медиҳан ва оқибат онҳо даст ба ҷиноятҳо мезананд.Фаромуш набояд сохт, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд ва чӣ мақсаду ҳадаф дорад?
Умуман ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои муайян ва дар ҷанги иттилоотии давр шинохташуда мебошанд. Бинобар ин, насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор биёрад. Аз ин лиҳоз, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро пурра намудан зарур аст.
Дар ин баробар ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард ва бояд ҳар фарди солим истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ дошта бошад ва ин аз зуҳуроти номатлуб дур месозанд.
Зеро таъмини амнияти иттилоотии кишва дар шароити ниҳоят тезу тунд ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист.Ҳамаи моро ба дарёфти тадбиру роҳҳои муқовимат бо онҳо водор месозад.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза таъмини амнияти иттилоотии давлат, ки ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва умуман бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Р. МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ