Тафриқаву ҷудоиандозӣ бас аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 26 соли охир, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб бар зидди густариши экстремизм ва зуҳуроту падидаҳои номатлуб мубориза бурда истодааст. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2015 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардиданд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Ба ақидаи муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва бо ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Терроризми динӣ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динӣ хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасониданд. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта дар ҳудули Тоҷикистон таъсис ёфта, мақсади ниҳоии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонӣ буд. Бо сабабҳои маълум гурӯҳҳои муташаккили ҳизб ба қувваҳои сиёсӣ дохил шуда, мехостанд фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонанд. Ғайр аз ин, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ миқдори зиёди аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои ҷинояткорон афтод, ки онҳо аз вазъияти ногувори кишвар истифода бурда, бар хилофи сохти давлатдорӣ нисбат ба аҳолии осоишта ҷиноятҳои вазнин чун одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ, ифротгароӣ ва актҳои террористӣ содир менамуданд.
Айни замон мақсади ҳизби исломӣ ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд. Онҳо мақсаду мароми худро бо роҳҳои зӯроварӣ, тарсу ваҳм амалӣ гардонида, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ мегузоранд. Аммо тамоми аҳкоми аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, таъкид кардааст, ки ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Мо ҷавонон ва соҳибватанон бояд баробарона ҳамфикр бошем ва манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро аз ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ нигаҳ дорем.

Самадова М.М.,
асистенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ,таҳлил ва аудити ДИС
ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *