ТАФАККУРИ ГАДОЕВ АЗ МАРКАБ ФАРҚЕ НАДОРАД

Роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ имруз ҳизбашро“Паймони миллӣ”-ПМ ном гузошта, чун солҳои 90-уми асри гузашта, бо маблағгузоргузорӣ ва дастури хоҷаҳои хориҷиашон ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намудан кӯшиш дорад. Имрӯзҳо Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслакони ПМ асосан дар кишварҳои Аврупо паноҳандагии сиёсӣ ёфтаанд, дарс омӯхта тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд. Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон Кабирӣ ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори танҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистонро паст мезананд. Ҳадафашон маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Инчунин ба сиёсати дохилии бархе кишварҳо абарқудрат, мисоли Федератсияи Россия  аз номи миллати тоҷик суханҳои беасосу бемантиқ, умуман андешаи носолимро баён  менамоянд. Масалан, навори суҳбат бо Шарофиддин Гадоев, узви “Паймони миллӣ”, ки моҳи ноябри соли 2022  оид ба масоили  ҳаводиси  байни  Россияву Украина дар сомонаҳои Радиои Озодӣ бо забони тоҷикӣ пахш шуд. Зимни намоиши навор Гадоев Ш., зикр кард, ки ӯ дар давоми ним моҳ дар Украина бо зиндагии мардуми шаҳрои Одесса, Харков ва Киеви Ҷумҳурии  Украина аз наздик ошно шудааст. Дар забти мазкур Ш. Гадоев  нисбат ба қушунҳои низомии кишвари Россия суханҳои ноҷоя гуфта, баробари ин аз  ба тоҷикон паём додааст, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг иштирок накунанд.  Ин чӣ маъно дорад? Дар иртибот ба ин Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Русия (Роскомнадзор) ибрози тааҷҷуб кардааст. Бинобар ин, ба раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ гуфтанием, ки вобаста ба сиёсати дохилии  кишварҳо, аз номи миллати тоҷик набояд сухан кард. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо, бахусус  бо давлатҳои Русияву Украина муносибати хуби дипломатӣ дорад. Баробари ин,  набояд фаромӯш кард, ки дар замони муосир, хусусан дар давраи гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ, дар соҳаи забон ва забоншиносӣ тамоилҳои манфӣ, ба монанди соддасозии баён, бемаънигӯӣ, беарзишии сухан ва нобудшавии гуфтори фасеҳ мушоҳида мешавад, дар ҳоле ки забон яке аз унсурҳои муҳимтарини фарҳанг ва “муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст.”

   Хулоса имрӯз, ки мо дар рӯёрӯи таҳдиди раванди глобализатсионӣ қарор дорем ва ҳар лаҳза таҷовузҳои фарҳангиро эҳсос менамоем, зарурати таҳқиқу таҳлил ва таҷдиди назар намудани масоили фалсафии забон, дар асоси сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ муҳим мебошад.

Ф. Мамадҷонов,

устоди ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *