ТАБРИКОТИ РӮЗИ ДОНИШ

Ҳозирини арҷманд!

Устодони гиромиқадр!

Донишҷўёни азиз!

Имрўз дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархунда – Рўзи Дониш таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён-устодону донишҷўёни гиромиқадрро ба муносибати оғози соли таҳсили 2017-18 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омўзиши илму дониш ва тадқиқотҳои илмӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

 Ҳозирини арҷманд! Маҳз натиҷаи заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатӣ буд, ки, дар ҳама самтҳо фаъолияти назарраси олимон, устодон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ ба назар мерасад. Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд.

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ мутахассисонро аз рўи 17 намуди ихтисос дар зинаҳои бакалавриат, мутахассис, магистратура, аспирантура ва докторантура тайёр менамояд. Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Дар Донишкада зиёда аз 550 компютери фардӣ, 20 тахтаи электронӣ, 60 проектор, 60 камераи назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингафонӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажерҳо, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хидмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои Донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.

Рафти бақайдгирии довталабон соли равон нишон дод, ки ДИС ДДТТ-ро 16268 нафар интихоб намудаанд ва ин имкон фароҳам меоварад, ки нақшаи қабул пурра иҷро гардад. Соли хониши 2016-2017 19 нафар аспирантон, магистрантон, донишҷўёни фаъолу аълохони факултетҳои донишкада барандагони идрорпулии Раиси вилояти Суғд гаштанд.  Аз ҷумла, 4 нафар аспирантон 3 нафар магистрантон ва 12 нафар донишҷўён барандагони идрорпулии Раиси вилояти Суғд гардиданд.

Дар Донишкада маркази забонҳои хориҷӣ фаъолият мебарад, ки дар он омўзиши забонҳои англисӣ, хитоӣ, фаронсавӣ, арабӣ, русӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳар донишҷў имкон дорад, ки дар давраи таҳсил аз 3 то 5 забонро аз бар намояд.

Донишкада бо Донишгоҳи Кантабрия (Испания), Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Академияи бизнес ва молияи Вистула (Лаҳистон), Агентии касбии мустақил оид ба аккредитатсияи байнамилалӣ AQAS (Олмон), Донишгоҳи Роберт-Моррис (ИМА), Донишгоҳи давлатии иқтисод ва менеҷменти Санкт-Петербург (Федератсияи Русия), Донишгоҳи давлатии политехникии Санкт-Петербург (Федератсияи Русия), Донишгоҳи кооперативи иқтисоди Белгород (Федератсия Русия), Донишкадаи молия дар назди ҳукумати Федератсияи Русия, КИМЭП (Қазоқистон), Институти “ҷамъияти кушода”, намояндаи расмии Эрасмус + дар Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳоро барқарор карда, мунтазам бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

Беҳтарин дастоварди донишҷўёни мо дар соли равон ба даст овардани ғолибият дар мусобиқаи байналмилалии ENACTUS мебошад. Донишкадаи мо дар байни дигар мактабҳои олӣ аз рўи ин барнома сазовори ҷои аввал гардид. Дар ин мусобиқа 200 нафар донишҷўён ширкат варзиданд ва дастаи мо барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ, ки дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Устодон ва донишҷўёни азиз!

Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод гуфта, бароятон фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозиро таманно менамоям.

Имрўз баъди чанд лаҳза бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар …………………………………. дарси сулҳ баргузор мегардад. Мо ҳама ба толор ва синфхонаҳои барҳаво ворид гашта, аз суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳрвар мегардем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *