Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ин рӯзҳои хуҷаставу хотирмон бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шумо – ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати таҷлили бошукӯҳи 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва ҷузъу томҳои низомӣ дар натиҷаи иқдомоти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи ин солҳо ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфтанд ва имрӯз бо интизоми қавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ, яъне ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандагии халқи худро сарбаландона анҷом медиҳанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Дар ин рӯзи таҷлили санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, иқболи баланду шодию сурур ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон осмони софу беғубор, сулҳу ваҳдати пойдор, рушди устувор ва ободию шукуфоӣ таманно менамоям.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *