ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ДИС ДДТТ ҲОШИМЗОДА ҲОМИД ҲАСАН БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

 

 

 

Устодони азиз!

Боиси ифтихор ва сарбаландии мост, ки халқи шарафманд ва соҳибхиради мо бо азму иродаи қавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашнҳои миллиамонро бо ифтихори баланди ватандӯстона пешвоз мегиранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори баланди ватандорӣ таъкид намудаанд, ки «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ботантана қайд карда мешавад. Имсол таҷлили ин ҷашни фархунда ба рӯзҳое рост омад, ки  тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рӯҳияи болидаву  дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва  ифтихор аз Ватану миллат  31-солагии  Истиқлоли  давлатии Тоҷикистонро ҷашн  гирифта,  меҳру садоқати бепоёни худро ба халқу Ватан намоиш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, таъкид доштанд: “Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд”.

Бо ин таманниёти нек бори дигар Рӯзи омӯзгорро бароятон, устодони азиз, табрик гуфта, хоҳони онам, ки ҳамеша сиҳату саломат бошед, комёбиву муваффақиятҳо ёратон бошад ва минбаъд низ дар таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод барои ободию пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузоред.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *