Табрикоти директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандўсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо – устодон ва донишҷӯёни арҷманд табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, осмони софу беғубор, саодати зиндагӣ ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Истиқлолият барои миллати шарафманду фарҳангофарини тоҷик беҳтарин неъмати зиндагӣ ва армуғони олии таърих  маҳсуб мешавад. Неъмати рўйи дунё бисёр аст, вале беҳтар аз озодӣ неъмате нест. Ин неъмати гаронбаҳо меваи ширини дарахти Истиқлол аст, ки самари онро ҳамарўза дар зиндагии худ эҳсос менамоем.

Дар шароити кунунӣ мо бояд ҳама якдилу якҷон дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, Ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлолияти давлатии кишварамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандўстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем Истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бо ин таманниёти нек, бори дигар ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати рўзгор ва хушбахтию хушрўзиҳоро таманно менамоям.

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,
Зўре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхўрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол!

Ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда бод!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *