Табрикоти директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А. А. бахшида ба бузургдошти Рўзи омӯзгор

Рўзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ботантана қайд карда мешавад. Имсол таҷлили ин ҷашни фархунда ба рӯзҳое рост омад, ки тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, меҳру садоқати бепоёни худро ба халқу Ватан намоиш доданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон барҳақ таъкид доштанд: “Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шаъну шарафи омӯзгор таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Бо ин таманниёти нек бори дигар Рўзи омўзгорро бароятон, устодони азиз, табрик гуфта, хоҳони онам, ки ҳамеша сиҳату саломат бошед, комёбиву муваффақиятҳо ёратон бошад ва минбаъд низ дар таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод барои ободию пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузоред.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *