

Ба муносибати Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил дар ДИС ДДТТ чорабинии идона баргузор гардид. Саҳни бинои таълимии №3 дар сатҳи баланд оро дода шуда, устодону донишҷӯён бо табъи идона ҷамъ омаданд. Бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада доктори илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан устодону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки муассисаи таълимии мо фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст. Донишкада зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст ва хушбахтона дастовардҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявии муассиса сол то сол меафзоянд ва устодону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф мегарданд.


Сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимҷон Ҳакимзода табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Дониш қироат карда, ба устодону донишҷӯён дар соли нави таҳсил барору комёбиҳо таманно намуд.


Барои дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои илмӣ, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва пирӯзӣ дар озмунҳои гуногун дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодон ва донишҷӯёни донишкада унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномҳои раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тақдим карда шуд.


Барномаи рангини адабию фарҳангии донишҷӯён хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонд.
Баъди анҷоми чорабинии идона устодону донишҷӯён вориди маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои барҳаво гардида, Дарси сулҳро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид, тамошо карда, баҳраи комили маънавӣ бардоштанд.

