Таҳдидҳои амалишудаистодаи ҲНИ ва ДИИШ

Дар шароити шиддат ёфтани таҳдиду хатарҳои радикализм ва терроризм дар миқёси ҷаҳони имрӯза зарурият ва аҳамияти таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сулҳҷӯёна бештар афзуда истодааст.

Аз кишварҳои Осиёи Миёна ба амнияти кишвари мо бештар хатарҳои радикализм ва терроризм таҳдид мекунад. Ба ин ҳамсарҳад будани Тоҷикистон бо Афғонистон, авҷ гирифтани фаъолияти амалиётҳои террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар Афғонистон ва Тоҷикистон, дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) М. Кабирӣ бо ниқоби нави Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) мисол шуда метавонад.

Ба ёд овардан бамаврид, ки дар санаи 7 ноябри соли 2018 дар ҳабсхонаи шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии террористи ДИИШ ошӯб ташкил карда шуда буд, ки дар натиҷа 25 нафар кушта шуданд.

Санаи 13-уми ноябри соли 2018 муовини якуми Комитети давлатии бехатарии миллӣ Мансурҷон Умаров дар бораи дастгир шудани 12 нафар аъзоёни ДИИШ маълумот дод. Онҳо ба амали террористӣ тайёрӣ дида истода будаанд, ки дар ҳавлии яке аз онҳо маводи тарканда ёфт шуд. Тибқи маълумотҳо террористон ба базаи ҳарбии 201-уми Россия таҳдид намудаанд. Дар соли 2016 чунин ҳуҷум ба базаи ҳарбии Россия дар шаҳри Балхаши Қазоқистон бартараф дода шуда буд.

Дар санаи 19-уми майи соли 2019 дар ҳабсхонаи шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии аъзоёни ДИИШ ошӯб баргузор гардид, ки дар натиҷа бо маълумоти нопурра 29 нафар кушта шуданд.

Дар мубориза бар зидди чунин террористони хавфнок истифодаи таҷрибаи кишварҳои Қазоқистон ва Қирғизистон муҳим аст. Онҳо радикалҳои исломиро дар алоҳидагӣ аз дигар ҷинояткорони ҳабсхонаҳо нигоҳ медоранд. Мутахассисони қирғизистонӣ маълумот дода буданд, ки агар дар як камераи умумӣ бо ҳамроҳии дигарон 1 – 2 нафар радикалҳои диниро ҷойгир кунанд, он гоҳ пас аз якчанд рӯз то 80 фоизи маҳбасҳо тарафдори радикалҳо мешаванд. Ба ақидаи коршиносон барои ташкили амалҳои террористӣ дар ҳабсхонаҳо роҳбарони ДИИШ ба аъзоёнаш дастурҳои махсус медиҳанд.

Бо баҳодиҳии Идораи федералии бехатарии Россия дар охири соли 2018 дар Ироқ ва Сурия тахминан 6 ҳазор нафар зархаридон аз минтақаи Осиёи Марказӣ мавҷуд буданд.Яке аз намоёнтарини онҳо “вазири ҷанг”, полковник Гулмурод Ҳалимов – собиқ командири ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Бо маълумоти Вазорати мудофиаи Россия дар моҳи сентябри соли 2017 ӯ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ маҳв карда шудааст.

Лекин, бисёре аз ҳамсафони ӯ зинда монданд ва таҳдидҳои амалишаван-даи худро берун аз ҳудуди минтақаи ҷангӣ нишон дода истодаанд. Мувофиқи маълумоти Владимир Прохватилов аъзоёни ба хориҷа рафтаи ДИИШ қариб даҳяки тамоми аъзоёнро ташкил медиҳанд. Аммо аҳолӣ фақат хатари ҳамин даҳякро мебинанд. Ин бо дастгир шудани гурӯҳи террористии тарафдорони ДИИШ дар шаҳри Москва тасдиқ шуд, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ буда, аз ҷониби эмиссарҳои Сурия идора карда мешуданд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти бехатарии федералӣ як қатор амалҳои террористӣ бо истифодаи яроқи оташфишон, яроқҳои тарканда ба нақша гирифта шуда буд.

Пештар вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳманов бозгаштани ҷонговарони ДИИШ-ро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ “хатари реалӣ” барои минтақа номида буд. Ба ақидаи экспертҳо, омили ҳамсоягӣ бо Афғонистан ба тамоми минтақа таъсири манфӣ дорад. Ин проблема на фақат ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадам ба монанди Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ яке аз аввалинҳо мебошад.

Дар моҳи сентябри соли 2018 сардори Маркази антитерротистии ИДМ генерал-полковники политсия Андрей Новиков дар машқҳои байналхалқии «Иссиқ-Кӯл –Антитеррор-2018» изҳор дошт, ки аз тарафи террористон кӯшишҳои ташкили “маркази нави халифат” дар Осиёи Марказӣ ва ба он дохил шудан аз Афғонистон шуда буд. “Ҳамаи ин таҳдидҳои террористиро ба минтақаи мо ва тамоми кишварҳои ИДМ дарозмуддат мегардонад. Мушаввашии махсуси мо аз он иборат аст, ки аз шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшишҳои воридшавӣ бо мақсади вайронкунии шароит иҷро намегардад” – қайд намуд Новиков.

Мувофиқи изҳороти вазири корҳои хориҷии ФР Лавров С. ба ҷойивазкунии ҷанговарони ДИИШ ба Афғонистон ИМА ёрӣ мерасонад. Аз ҷумла қайд намудааст: “Мо торафт бисёртар далелҳо ба даст овардаем, ки амрикоиҳо ҷанговарони ДИИШ-ро аз Сурия ба Ироқ ва ба Афғонистон мекашонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба фикри як қатор аналитикҳо ИМА мехоҳад маркази ДИИШ-ро ба Афғонистон кӯчонад.”

Ба ақидаи Прохватилов чунин тарсҳо асос дорад. Мувофиқи гуфти ӯ ҷанговарони ДИИШ бо розигии тарафи ИМА ва дастгирии кишварҳои тарафдор аз халиҷи Форс аз як ҷо ба ҷои дигар кашонида мешуданд. Аз ин сабаб, ба ёрии ИМА ба мубориза бар муқобили терроризм дар Осиёи Марказӣ умедвор шудан лозим нест.

Ба ақидаи политолог Грозин, гарчанде, ки ҷангиёни ИМА дар Афғонистон талафоти ҷангӣ ва ҷонӣ дошта бошад ҳам, ин кишвар барои Россия, Хитой ва Эрон омили оташинкунанда дорад. Амрикоиён мефаҳманд, ки захми Афғонистон барои Осиёи Марказӣ, барои кишварҳои дуру наздик дарди сар ба вуҷуд меорад.

Дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани М.Кабирӣ роҳбари собиқ ҲНИ бо ниқоби нави ПМТ аз дастгирии созмони САҲА амалӣ шуда истодааст. Онҳо дар шаҳрҳои Варшава, Берлин, Вена нишасти матбуотӣ ташкил намуда, бар муқобили кишвари озоди мо бӯҳтонҳо ва иғвогариҳо эҷод намуда истодаанд. Ба ақидаи онҳо босмачиён қаҳрамонони миллати тоҷик будаанд. Бо ин ақидаашон онҳо моҳияти худашонро дар симои босмачиҳо нишон дода истодаанд, ба монанди ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ниқоб кардани дини мубини Ислом ва ғайра.

Адабиёт

  1. Рубен Гарсия, Халифат взбунтовался: почему тюрьма в Худжанде стала “академией джихада” // Сомонаи Спутник Тоҷикистон
  2. Что стоит за активизацией террористов в Таджикистане RT на русском 13 ноября 2018 // Новостной сайт Рамблер
  3. Террористы ИГИЛ* устроили бунт в колонии Таджикистана: более 30 убитых // Сайт REGNUM
  4. В Таджикистане 27 человек погибли в результате бунта в тюрьме — СМИ // Сайт REGNUM

Дотсенти кафедраи математекаи оли
ва технологияхои инноватсионӣ Иброгимов И.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *