ТАҲДИДҲО БА ТАМАДДУНИ БАШАРӢ НАБОЯД АФЗОИШ ЁБАД!

Имрӯзҳо дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла мамолики исломӣ, бахусус дар қаламрави Афғонистон бештар амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии ин кишвари ба мо ҳамсоя,  ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои  гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва экстремистӣ гардидаанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар Афғонистон   тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва ДИИШ, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. Баробари ин, “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и  экстремистию террористӣ дар дохили ҳаракати “Толибон” мустақилияти амал ва робитаи мустаҳкамаш бо “Ал-Қоида”-ро ҳифз мекунад.

     Ба ҳамагон маълум аст, ки беш аз як сол дар Афғонистон  ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», ба даст гирифтааст .Ин  аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст ва фаъолияташро дар ҳудуди худ манъ кардааст, , вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст ва мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Тарафдорони ин гурӯҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Баробари ин дар дар ин кишвар амалҳои террористӣ содир шуданаш ба назар мерасад. Ин воқеияту вазъият ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми ахли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.  Хулоса, имрӯз вазъи сиёсии Афғонистон хеле ногувор буда, ягона қуввае, ки зидди ҳаракати тундгарон муқовимат мекунад, ҷабҳаҳои муқовимати миллии Афғонистон мебошад, ки роҳбарии онро Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳи Масъуд дорад.

Аҳмади Масъуд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, барои таъмин намудани сулҳ ва суботи сиёсии кишвар кӯмак мепурсад.

Бояд тазаккур намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлати Афғнистон бетараф бошанд. Бояд барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардуми ин кишвар бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроғавӣ дареғ надоранд ва бетарафиро касб карда аз коғазу арзу баён ба амал гузаштан ба манфиати кор аст.

  А.Валиев ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *