Тӯҳмати наҳзатиён андешаи хом аст

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ, баъди эълон гардидани сиёсати дарҳои боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик дар маърази иттилооти гуногун ва фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифт. Мардуме, ки шинохти зарурӣ аз дину мазҳаб надошт, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шавад. Ин ҳама амалҳои душманона ва муқобили арзишҳои фарҳангию миллии тоҷикон дастуру фармонҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ буда, нишонаи бармалои душмании наҳзатиҳо бар миллату Ватани хеш аст. Истиқлолияти комилӣ ба даст омадаро собиқ мухолифини тоҷик нодида гирифта, азҳоби сиёсии ҳамонвақта ба монанди: ТЭТ ҲНИ, Ҳизби демократ, «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» забон як намуда, мардумро гумроҳ намуда барои гирдиҳамоиҳои давомнок даъват намуда буданд.

Мардуми ба майдон омада, мақсади ҷамъ шудани майдони «Шаҳидон -» ро намефаҳмиданд ва аз сабаби он, ки ҳар рӯз аз ҳисоби мухолифин дар майдон шикамашон сер буд ҳатто кай аз он ҷо ба хонаҳояшон рафтанро фаромӯщ карда буданд. Роҳбарии гирдиҳамоии беномусонаро собиқ мухолифини мансабталаб ва ваҳшиёни ҳокимиятхоҳ ба ӯҳда доштанд.

Ба ёд меорем мақолаи бемантиқона ва бедалелонаи шахсияти бенангу номусе, ки аз хориҷи кишвар истода, ба унвонии роҳбари маҳбуби миллати куҳанбунёди тоҷик, Пешвои муаззами миллат бӯҳтону дасисаҳо мегӯяд. Он кирдорҳои нобахшидание, ки ваҳшиёна қотилона ва он амалҳои ваҳшиёнае, ки нисбати миллати тоҷик  мухолифин худаш бо дастони худ иҷро намуда, имрӯз ба сари шахсони бегуноҳ мезананд.

Сенарияи ин кирдорҳои разилона ва хиёнаткоронаро худи мухолифини тоҷик навишта буданд. Ҳайфи шумобарин хоинон ва разилони миллат, ки ба ватану миллати худ хиёнат намуда, онро ба сари щахси бегуноҳ бор мекунед. Агар шумо хоинони миллати тоҷик хоҳед, ки хоин кисту кирдорҳои хоинонаро нисбати халқу миллати худ ки  раво дидааст филми мустанади “Хиёнат” далели ин гуфтаҳост.

Бо кӯмаку дастгириҳои хоҷагони хориҷии худ шумо Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат рӯ ба рӯ сохтаед. Мардумро ба хоки кишвари бегона фирорӣ кардаед ва хазинаи давлатро ғорат кардаед, оташи ҷанги шаҳрвандиро даргирондаед, мардумро ваҳшиёна қир кардаед ва бигӯед, ки дар сенарияи шумоён боз кадом амалҳои хоинонаатон амалӣ нагаштааст. Имрӯз нисбати он шахсе тӯҳмат мекунед, ки ин шахси бузурги миллати тоҷик сарсупурдаи миллат, миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат наҷотдиҳанда, барпокунандаи сулҳи тоҷикон мебошанд.

Шумо пеш аз он, ки кирдорҳои разилони худро ба сари шахсони бегуноҳ бор кунед, ки шумоён худатон баро миллати бо нангу номуси тоҷик  чӣ беҳбудӣ ё манфиат овардаед.

Агар даъвои мансаб дошта бошед, барои хизматҳои хирсонаатон давлату ҳукумат метавонад ба шумоён мансаб ё мукофоти бехтаринро пешниҳод намояд, зеро он корнамоиҳои разилонаи шумо бе мислу монанд буда, дар ягон гӯшаи олам ҳеҷ кас нисбати миллати хеш ин хиёнати нобахшиданиро раво надидааст.

Бинобар ин, муқовимат бар терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзо, пайравон ва мубаллиғони ТТЭ ҲНИ, яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Зеро Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти марговар пуштибонӣ менамояд.

ассистент Ахмедова  Адиба

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *