ТӮҲМАТИ ХОИНОНАИ М.КАБИРӢ

 

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ  бо бозиҳои навбатиаш  дар шабакаи иҷтимоӣ  аз номи созмони Паймони миллӣ баромад намуда, дар бораи муноқишаҳои сарҳади ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки санаи 30-уми апрели соли ҷорӣ рух дод буд, бо иғвою тӯҳмати хоинонаи навбатиаш  сухан кард.Сараввал таъкидан ба М.Кабирӣ ёдрас мекунем, алҳол аксарияти кишвари ҷаҳон дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″ қарор доранд. Ва  бе андеша сухан гуфтани ӯ чи маъно дорад? Хотиррасон мекунем,ки хар шахси солимфикр,баҳри пешгирии ин беморӣ бояд корҳои ташвиқотию таблиғотиро ба роҳ монад. Вале М.Кабирӣ имруз дар фикри дигар аст, бо баҳонаи ҳимоя намудани миллати кирғиз ҳаммаслаконаш, аз ҷумла собиқ роҳбари ҲНИ-и шаҳри Исфара бо номи домулло Наим ва Зайд Шеровро аз маҳабсхона озод кардан мақсад дорад. Бо баробари ин аз бегуноҳии Иззат Амон ишора менамояд. Ҳол он, ки расман Иззат Амон  ба амалҳои қаллобиаш иқрор шудааст.  Имруз Кабирӣ аз минбар баромада  бо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ, ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунад.

Бояд  ёдрас шуд, ки  шаҳрвандони мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи кунунӣ ҳуқуқи баромад ва дастгирии сиёсати  имрӯзаи давлат ва ҳукуматро доранд.  Дар доираи ақидаи пучу бемаънӣ иродаи сиёсию ҷамъиятии аҳолиро ба ҳар як хадамоту ташкилот марбут донистан аз заъфи сиёсии ҳизби наҳзати ислом ва ноустувории фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии ин ҳизби террористӣ дарак медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин бадномсозӣ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ҳаргиз дигар карда наметавонад.

 

                                                                      Қаюмов А., мудири маркази тестӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *