Имрӯз дар фазои ҷомеаи имруза тудаи афроди гумроҳзадаи ифротӣ, арзи вуҷуд доранд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, дастовардҳои кишвари моро нодида мегиранд. Чунончӣ яке аз пайравони ашаддии наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва Ҳусейн Ашуров, аъзои “Гуруҳи 24” дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ва яке аз узви фаъоли гуруҳи зикршуда Беҳруз Тағойзода дар “Садои мардум” мебошад, ки чун солҳои сипаригардида, аз оғози соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат дар барномаҳои ифротиии зикршуда баромадҳои ифротӣ намуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру гайбат ва тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Асосан бо ин васила андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст задан кӯшиш доранд. Ин тоифа ашхос бо андешаву хулосаҳои пучу фаҷи худ тудаи дупоҳои ваҳшисифатеро мемонад, ки соҳибашон хоҷачӯпонанд, яъне хоҷагони хориҷи ва дигаре робҳараш М.Кабирӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки аслу ҳaдaфи афроди зикршуда aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки барои амали намудани мақсади нопокашон миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудa истодаанд. Ин тудаи ашхоси роҳгумзада ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Назарҳои ин тудаи иғвогарони фирорӣ ҳамеша баҳсбарангез буда, тарафдорони кам дорад. Ҳам аз ҷониби рӯшанфикрон ва ҳам диндорон танқид мавриди интиқод қарор мегирад. Зери назарҳояш шарҳҳои зиёдеро метавон дид, ки бахусус М.Садриддину шогирдону пайравонаш гирифтори бемории равонӣ мебошанд ва такроран гуфтанием, ки дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Воқеан, ҳолати бавуҷудомада масъулияти моро фузуда, водор месозад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии М.Садриддину Ҳ.Ашуров, Б.Тағойзодаро ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ