Суруди миллӣ ҳангоми танинандозӣ ба кас нерӯю илҳоми тоза мебахшад

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Парчами миллӣ ва Нишон мебошад.

Ҳангоми субҳ ба гӯш расидани овози форами Суруди миллӣ ҳар фарди ватандӯстро ҳушдор мекунад, ки баҳри хизмат ба Ватану халқи бузургаш бо нерӯи наву тоза бархезад, камари мардонагиро сахттар бандад. Зеро, Суруди миллӣ чун рукни муҳими муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон назму навои нотакрор дораду манбаи нерӯбахшанда ва мояи ифтихори ҳар як фарди ватанпарвару содиқ мебошад.

Фарди равшанзамири худогоҳ мекӯшад, ки худ намунаи нафарони дигар бо нишонаи эҳтиром ба Ватани маҳбуб тавассути арзу эътибор ба Суруди миллӣ бошад. Зеро, на ҳамаи шаҳрвандон медонанду дарк карда метавонанд, ки Суруди миллӣ дар давраи ҳассоси рушди ҷомеа тариқи озмун интихобу қабул шудааст. Забони соддаю оммафаҳм ва оҳанги дилхурӯши Суруди миллӣ ҳангоми танинандозӣ ба ҳама нерӯю илҳоми тоза мебахшад. Хусусан, садо додани он дар арсаи байналмилалӣ ҳангоми ѓолибияти варзишгарони тоҷикистонӣ ё худ сафарҳои расмии роҳбарияти олии кишвар дар хешбастагӣ бо парафшонии Парчами давлатӣ  мояи фахру сарбаландӣ аз тоҷику тоҷикистонӣ будани мост.

Дар ҳар як кӯдакистону мактаб, донишгоҳу муассисаҳо, дар олимпиадаҳо ва дигарон, бо баробари садо додани Суруди миллӣ ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо якҷоягӣ ба садои он бармехезад ва он  ҳиссаи ватандӯстӣ, муҳаббат ба ватанро нишон медиҳад, мустаҳкам менамояд. Эҳтироми хосаи шаҳрванд ба Ватани хеш аз азёд кардану донистани матну оҳанги Суруди миллӣ маншаъ мегирад ва шунидани қироати он ҳисси ҷонбахшӣ дорад. Аз ин лиҳоз, талқини омӯзишу эҳтиром ва қироати пайвастаи Суруди миллӣ дар байни ҷомеаи шаҳрвандон яке аз самтҳои тарбия ва маърифати ватандӯстӣ буда метавонад. Донистани Суруди миллӣ ва қироати пайвастаи он барои шаҳрванди бо ору номуси содиқ ба Ватан ҳамчун аслиҳаест, ки нисбати душманони рӯшоду махфиаш бо ӯ метавонад мубориза барад.

Дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи  ҷаҳонӣ  фикру андешаҳои  гуногун ҷиҳати тарзу усулҳои муносибат бо Суруди миллӣ арзи вуҷуд дорад, ки ба дараҷаи фарҳангу тафаккури фарду ҷомеаи ӯ алоқаманд аст.    Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шевои тоҷикӣ нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст. Замони истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор меравад, ки маҳз дар ин давра миллати тоҷик бо шарофати сайю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон барои дарки амиқи ватандорӣ  ва ба эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд.

Маорифчиёни Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки пеш аз оѓози дарс – таълиму тадрис ҳамагон якҷоя дар нази муассисаҳояшон  Суруди миллиро сароянд ва баъдан ба машѓулият оѓоз намоянд. Албатта, ин иқдом саривақтӣ мебошад ва боиси дастгирӣ аст. Барои баланд бардоштани тафаккури зеҳнӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва дигар ҷанбаҳои дорои тарбияи миллидошта ҳидоят менамояд. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам, хусусан дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ омадааст, ки Суруди миллӣ дар назди муассисаҳои давлатӣ бо матн ва оҳанг сароида шавад.

Суруди миллии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки хондану азёд донистани он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тарбия намудани насли наврас, донистан ва аз ёд намудани он худшиносиву худогоҳии миллӣ, муҳаббат ба модар-ватанро тарбия менамояд.

                Маҳмудов Муҳаммадҷон,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисоди

Донишкадаи иқтисод ва савдои

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *