Тоҷикистони азизу маҳбуби мо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имрӯз ба бисёр дастовардҳои бузурги бесобиқае ноил гардидааст. Боиси хушнудӣ аст, ки солҳои охир Тоҷикистон бо давлатҳои дигар робитаи мустаҳками иқтисодию фарҳангӣ барқарор намуда, мақоми баландеро дар сатҳи байналмилалӣ касб намуда истодааст. Дастовардҳои бузурги миллатро дар самти сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг, варзиш ва саноат бе ҷаҳду талош, кӯшишу сарсупурдагии фарзанди бонанги миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур намудан номумкин аст. Хизматҳои шоистаи ин марди муборизи майдони сиёсат сазовори таҳсину офарин аст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифааст. Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқуворӣ дар муддати на чандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштааст. Ҳамзамон сохта ба истифода додани ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ, хизматрасонӣ, шоҳроҳҳои бузург ва садҳо пулҳои кучаку бузург аз дастовардҳои назарраси давраи истиқлолият маҳсуб меёбад. Имрӯз кули кишварҳои дунё дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор доранд. Баҳри ҳимоя аз таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири камтари бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар баробари ҳифзи мероси фарҳангӣ, ҳамзамон тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа корбасти оқилонаи арзишҳои миллиро ба манфиат мебошанд. Сулҳу ваҳдат, якдилию иттиҳод, бунёдкорию созандагӣ шиори халқи сарбаланди тоҷик аст. Месазад, ки имрӯз ин Истиқлолияти комил, ин сарфарозию озодӣ ва ин ободию саодатмандиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Мо,ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ бояд чун гузаштагони бонангу номуси худ ҷоннисору посдор ва ғамхори ин Ватану ин миллат бошем. Нагузорем, ки пойи нохалафе ба ин марзи пок бирасад. Дӯст доштани Ватан, пос доштани ҳар зарра хоку ҳар қатраи оби ин марзи муқаддас аз ҷумлаи воҷиботи имонию виҷдонии ҳар як нафари поктинат аст. Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро, ки ҳар ду ҳам муқаддас ва заруранд, чун ҷон дар бадан ҳифз менамоем. Тӯли солҳои Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибисиқлоли тоҷиконро ба даст овард ва бо вуҷуди ҳама мушкилот тавонист пайванди ҷомеаро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медиҳад, таъмин намояд.
Дилафрӯз Ҳомидова
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ