Сулҳу суботи Тоҷикистонро вайрон насозед!

Имрӯзҳо тариқи расонаҳои воситаи ахбори умум ҳаргуна наворҳову сухангӯиҳо шунавида мешавад. Яке аз онҳо наворест, ки 18-июни соли 2018 бо номи “Решаҳои ноаён” тариқи шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” намоиш гардид. Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ ингуна наворҳоро тамошо карда, чунин ҳисоб менамоем, ки ҳама гуна ҷангу ҷидол ва нобасомониҳо дар оғози соҳибистиқлолии кишвар ин кори дасти “Хиёнаткорони аз ватан беруншуда ва ҷонибдорони бесаводии онҳо аст. Ин навор  намоишест, ки ҳақиқати ҳоли Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро инъикос менамояд. Саид Қиёмиддин яке аз саркардаҳои мухолифин ба ҳама гуноҳи хеш эътироф карда, дар ҷангҳои дохилии кишвар даст доштани кишварҳои бегонаро таъкид менамояд. Ӯ аз кирдорҳои худ сахт пушаймон аст ва аз мардуми шарифи Тоҷикистон барои чунин рафтори нобасомон узр мепурсад. Мо бо тамошои ин филм воқеаҳои солҳои навадуи қарни гузаштаро пеши назар оварда, бовар кардем, ки омилҳои ҷангу ҷидол дар кишвар кистанд ва онҳо баъди чандин сол боз ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо созандагию бунёдкорӣ, ташабусҳои пешбар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати худро дар арсаи байналмиллалӣ васеъ гардонида истодааст. Воқеан ҳам то замоне, ки ҳамагуна афрод аз воқеияти ҳол, баён мекунад мардум, хосса онҳое, ки ба ин ҳизб бовар доштанд, ангушти ҳайрат мегазанд.
Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон, ки аз технологияҳои инноватсионии пешқадам бархурдоранд, аз решаҳои ноаёни ин нобасомониҳо албатта хабардор ҳастанд ва ҷиҳати нақшаҳои ногуворон ин душманони миллати мо огоҳи доранд.
Мо устодон бояд дар зери дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида ба ин рафтори хиёнаткоронаву саф-саттаи ин гурӯҳҳо, ки пур аз хуруфотпарасти аст ғараз менамоем ва хуб медонем, ки онҳо хиёнати худро ба ҳаргуна роҳҳо давом дода барои таърихи навини тоҷик доғе оранд. Дар ин лаҳзаҳо мо бояд ҷавононро боякдиливу сарҷамъи худогоҳии худшиносӣ ва густариши Ваҳдати миллию пояҳои истиқлолиятро тарғибу ташвиқ намоем, ки ин ба баландшавии амнияти миллӣ ба рушди иқтисодиву фарҳангии давлатамон оварда мерасонад.

Азимова З. А.,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *