СУЛҲУ СУБОТ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Рўйдодҳои солҳои охири ҷаҳони муосир аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад. Чунончӣ баъд аз шикаст хурдани Давлати исломии Ироқу Шом дар кишварҳои Сирия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикї ба кишвари Афғонистон маскан гирифтаанд ва баробари ин ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон”, ки дар феҳристи созмонҳои террористии Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, вазъро дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 бо забти Кобул ва умуман Афғонистон боз ҳам мураккаб намуда, боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонї гардидааст. Дар давоми нуҳ моҳи соли охир дар ҷангҳои Афғонистон садҳо нафар шаҳрвандони ғайринизомӣ кушта шуда, ҳазорон нафар бошандагони ин кишвар хонаҳои худро тарк намуда, ба давлатҳои дигар гуреза шуданд. Ин вазъ пеш аз ҳама барои занон, кӯдакон ва пирони барҷомонда бисёр сангин аст. Аз ин лиҳоз он чи бар сари мардуми Афғонистон омад, набояд ҷомеаи ҷаҳониро бетарафу ором гузорад.
Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Сарвари кишвар қарор дорад. Умуман Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон ва барои таъмини сулҳу субот ва амният бо Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкорӣ менамояд. Кишвари мо аъзои фаъоли сохторҳои минтақавӣ -Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқ шӯравиро ҷиҳати пешгирї аз хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муассир амалї карда истодааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки авзои кунунии минтақа, бахусус Афғонистон роҳҳои пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризму ифротгарої, ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ва дигар таҳдидҳоро тақозо дорад. Мебояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеаро танҳо сулҳу субот дар заминаи адолати иҷтимоӣ – сиёсӣ таъмин карда метавонад, ки исботи воқеии он ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мардуми тоҷики тамаддунофар хоҳони ононанд, ки дар кишвари ҷангзадаи ҳамсоя низ чунин раванд ҳукмрону пойдор бошад. Ҳаргиз намегузоранд, ки ҷаҳолат бар адолат ғолиб ояд ва дар радифи раванди башардӯстӣ ҳамеша мавқеи роҳбарияти олии кишвари ҳақиқатан ҳам соҳибистиқлоли худро ҳамаҷониба дастгирию пайравӣ менамоянд.

АБДУСАМАДОВА Х.Ғ.,
сармуаллими кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *