Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат дар амал татбиқ мегардад. Соҳибихтиёрии давлатӣ ин масъалаи муҳими шинохт, эҳтиром ва рушди он аз тарафи шаҳрвандон мебошад, ки барои қадам ба қадам устувор намудани давлатдории муосири миллияшон таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Алҳол дар Тоҷикистон мардуми кишвар дар вазъияти сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пирўзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулхпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки агарчӣ бо парокандашавии давлати абарқудрати Шўравӣ Худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дошт, вале сад афсўс, ки бадхоҳону душманони миллат нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилии худ хеле гарон сохтанд. Хушбахтона, расидем ба рўзи неки 27-июни соли 1997, рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Баъди Иди Истиқлолият барои миллати тоҷик рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ – Иди Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад. Ин ид бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд.
Мутаасифона, дар солҳои охир баъзе кишварҳои хоричӣ, ба мисли Полша, маҳалли ҷамъ гаштани мухолифони тоҷик шудааст. Дар миёни онҳо аъзои ҲНИТ, «Гурўҳи 24» ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди баста ва мамнўъ шудани ин созмонҳо дар Тоҷикистон ба хотири дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ва дарёфти маблағ аз хоҷагони нави худ ба хориҷа рафтанд. Ин гурўҳҳо дар гузашта дар Туркия ва Олмон низ борҳо намоишҳои «эътирозӣ» ташкил карда буданд.
Мақсади ниҳоии ин намуд созмонҳои мамнўъ гашта боз дар Тоҷикистон руйи кор овардани вазъияти ноороми сиёсӣ ва заиф сохтани аркони давлатӣ мебошад. Онҳо дида наметавонанд, ки мардуми тоҷик сифатҳои азалии ваҳдатсозӣ, сулҳофарӣ, бедордилӣ ва пешбарандагӣ доранд, дараҷаи камолоти ҷомеаи шаҳрвандиашон хеле боло рафтааст ва ҳоло ҳаводиси ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро пешбинӣ намуда метавонанд,
Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Мо нагузоштем, ки миллат пароканда шавад» менависад: «Хусусияти муҳимтарини сулҳ дар Тоҷикистон, равобити мутақобилаи он бо пешрафти муваффақиятноки мамлакат бо роҳи демократисозӣ мебошад. Дар мамлакат принсипи бисёрҳизбӣ ба вуҷуд омад, гуногунандешии идеологӣ амал мекунад. Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони тақдирсоз барои тоҷикистониёну ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ буд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон интихоботи парламенти касбӣ гузаронида шуд. Ба таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти жамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд» (Садои мардум. – 2001. – 9 июн).
Бо вуҷуди имкониятҳои фароҳами сиёсӣ мухайё сохтан ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ на ҳамаи онҳо ба монанди ҲНИТ, «Гурўҳи 24» ва амсоли онҳо аз ин шароит ва фазои озоди сиёсӣ фаъолият ва амали худро ба манфиати халқ равона сохтаанд. Онҳо нафаҳмиданд ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ва ду неъмати бебаҳо ҳастанд ва манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ ё гурӯҳӣ набояд ин равандро халалдор намояд.
Онҳо дарк намекунанд ё умуман фаҳмидан намехоҳанд, ки дар тули 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми мо бо зери роҳбарии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардидааст. Истиқлолу ваҳдат нақши азим дар татбиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Маҳз истиқлолу ваҳдат ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш ва густариш медиҳад. Имрўз, ваҳдату ҳамбастагии миллати мо амали бузурги пешрафт аст. Бо таври қотеъ яке аз омили пешрафти миллат дар масири таърихи навинамон муттаҳидии ҳамаи нерўҳо дар роҳи ормони истиқлол аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи «Сулҳ маънии таърихии мост» менависад: «Муҳимтарин принсипи фарҳанги сулҳ барои мо, тоҷикистониён, иборат аз он аст, ки ҳарчӣ бештар ба доираҳои васеи сулҳпарвари аҳолӣ такя намоем. Идомаи ин сиёсат принсипи бидуни зӯроварӣ ҳал намудани ҳама мушкилот мебошад. Фақат ризоияте, ки аз хирад ва ҳадафҳои оқилонаи нерӯҳои гуногун бармеояд, сулҳи пойдорро таъмин карда метавонад. Дар вақти ҳозира мо бо қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар масъалаҳои муҳимтарин муваффақ гардидем. Ин пеш аз ҳама роҳу равиши мамлакат дар бобати ташаккули давлати демократии дунявию ҳуқуқбунёд мебошад ва бидуни ин сулҳу субот дар Тоҷикистон имконнопазир аст».
Турсунов Ф.А.
дотсенти кафедраи ҷомеашиносии
Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Бо вуҷуди имкониятҳои фароҳами сиёсӣ мухайё сохтан ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ на ҳамаи онҳо ба монанди ҲНИТ, «Гурўҳи 24» ва амсоли онҳо аз ин шароит ва фазои озоди сиёсӣ фаъолият ва амали худро ба манфиати халқ равона сохтаанд. Онҳо нафаҳмиданд ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ва ду неъмати бебаҳо ҳастанд ва манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ ё гурӯҳӣ набояд ин равандро халалдор намояд. Воқеан чунин рафтори онҳо носипосӣ нисбати Ватану миллат аст.
Дуруст мегӯед, устоди азиз! Мо бояд шукронаи ваҳдату якпорчагии кишвар кунем, аз воқеаҳои ҷаҳон ибрат гирем, Мо аз наворҳо солҳои ибтидои соҳибистиқлолии кишварро тамошо кардем, ҷангу ҷидол қариб буд, ки Тоҷикистонро аз байн барад. Ваҳдату якдили шиори зиндагии мост.
Дуруст мегӯед, устоди азиз! Мо бояд шукронаи ваҳдату якпорчагии кишвар кунем, аз воқеаҳои ҷаҳон ибрат гирем, Мо аз наворҳо солҳои ибтидои соҳибистиқлолии кишварро тамошо кардем, ҷангу ҷидол қариб буд, ки Тоҷикистонро аз байн барад. Ваҳдату якдили шиори зиндагии мост.
Аслан ҳамавақт мегуфтанд ва боз мо ҳам мегӯем Ислом ҳеҷ гоҳ ба ҳизб эҳтиёҷ надорад. Дар либоси ҳизби исломӣ бинед чи корҳое ба анҷом расиданд, афсус ва боз афсус.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.
Чи тавре, ки ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сарварии он ҳамчун пуштибони молиявии гурўҳи террористии Ҳоҷӣ – Ҳалим Назарзода баромад намуд. Муҳиддин Кабирӣ мехост бо роҳи дастгирии молиявии террористон ба ҳокимият соҳиб шавад, аммо ҳадафҳои пинҳонкоронаи ў барбод рафтанду ў аз Туркия ҳам ронда шуд ва имрўз боз дар Аврупо бо бадном кардани Тоҷикистон аз паи ёфтани «хоҷагони нав» ҳамчун гурезаи сиёсӣ оворагардӣ менамояд.