СУЛҲУ АМОНӢ АСОСИ ЗИНДАГӢ

Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз ин лиҳоз боиси тазаккур аст, ки сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама ба манзараҳои табиӣ ва обҳои шифобахш, қуллаҳои барфпӯш, ҳайвоноти нодир, растаниҳои доруворӣ, ҳавои хушу муътадил, меваҳои тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мутаваҷҷеҳ мебошанд.
Маҳз барои ҳамин ворид шудани сайёҳон ба кишвари мо Тоҷикистони биҳиштосо, алалхусус Бадахшон сол аз сол афзуда истодааст. “Боми ҷаҳон” ном гирифтани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯзҳо вирди забони ҳамагон буда, онро эътироф менамоянд. Ба гуфтаи бархе аз сайёҳҳон дар назарашон Боми Ҷаҳон ягона гӯшаи оламаст, ки дар инҷо дар нишонаҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар Бадахшон, ки имрӯзҳо, корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми бонангу номуси вилоят барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Аммо таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё, аз ҷумла дар ҳамсояи кишвари мо Афғонистон ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузи ҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.
Афсӯс имрӯзҳо шароити орому осоиштаи мардуми Бадахшон зери хатар аст, ки санаи 25 ноябри соли равон дар маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муноқишаҳои мусаллаҳона рӯй дода, дар майдони назди бинои ҳукумат эътирози афроди ноогоҳ дар давоми се рӯзи охир давом кард. Ин амали нобихрадонаи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи вилояти Бадахшон ва тарафдорони ҷинояткор Зиёбеков Гулбиддин-. лидерони ғайрирасимӣ метавон хулосабарорӣ кард. Воқеан ин ҳодисаи соф криминалӣ буда, манфиатҳои тӯдаи муташаккили ҷинояткорро ифода менамояд
Дар ин рӯзҳои оромиву осоиштаи кишвари истиқлоли мо, албатта ҷоиз нест, ки мардум боз ин хел нооромиҳои беадолатонаро аз сар гузаронанд. Ҳар яки мо бояд донем ва қадр кунем, ки сулҳу амонӣ ин асоси зиндагӣ аст, ба туфайли он одамон ба хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони хеш меҳнат мекунанд.
Мардуми мо бояд донанд, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр аст. Маҳс бо кӯшишу эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид.
Бинобар ин мо бояд баҳри пурзӯр кардани дарахти амонӣ ва роҳ надодан ба нооромиҳои ногаҳона саҳмгузор бошем. Ватани худро ободу зебо гардонем ва барои оштию ҳамдилӣ кӯшиш намоем.
Бигзор зери осмони софу мусаффо мардуми ғамхори мо осуда бошанд!

СОДИҚОВА Г.И.,
дотсенти кафедраи баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *