Дар дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои таҳқиқ шуда, дар самти андозагирии инсони»-ро баргузор гашта истодааст. Чуноне, ки аз сарчашмаҳо ба мо дастрас гардидааст дар ин чорабинӣ аъзоёни Ташкилоти Терористӣ ва Экстремистӣ Ҳизби Наҳзати Исломӣ низ даъват шудаанд. Бояд қайд кард, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шуда аст.
Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Дар расонаҳо имрӯз аз расман эътироф намудани Њизби Нањзати исломро њамчун ташкилоти террористї аз тарафи давлати Њиндустон маълумот шудааст. Бояд ќайд намоем, ки ЊНИ дар мамлакати мо аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта сар карда, бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда, сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Аммо нақшаҳои тарҳрезӣ намудаи онҳо то охир амалї нагардид..Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки муздурони њама њизбњои исломї ва террористї аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад.
Имрӯз ҳама дар ҳайратанд, ки чаро САҲА ба чунин ташкилотҳои террористию экстремистӣ минбар медиҳад ва сухани онҳоро ҳақ шуморида, муқобили давлатҳои мустақил садо баланд мекунад. Фаъолияти бадандешонаи ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки сокинони кишвар ҳеҷ гоҳ ба дасисаву иғвои онҳо дода намешаванд.
Тохирова М.М.- н.и.ф.муаллимаи
калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ
ва русии ДИС ДДТТ