СУХАНПАРДОЗИҲОИ БУҲТОНОМЕЗИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

Имрӯза таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир дар раванди афзоиши ихтилофу зиддиятҳои гуногуни милливу мазҳабӣ, зуҳури ҳизбу ҳаракат, созмону гуруҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ба мушоҳида мерасанд. Вале кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Дар баробари хуруҷи пандемияи бемории короновирус “КОВИД-19” ҷомеаи ҷаҳонӣ нотинҷ буда, бо васвасаи баъзе ҳокимиятхоҳону моҷароҷӯёни баъзе давлатҳо сарҳисоби кори худро намеёбанд. Алҳол кишварҳои ноосуда ҳамсоякишвари мо Афғонистон мебошад. Бояд қайд кард, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ ббоз ҳам мураккабу ҳалокатбор гаштааст ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Ин ҳолатро роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаку думравонаш ҳаракати ифротии Гурӯҳи -24 аз сиёсат дуру бефарҳанг ба манфиат худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “сиёсатшинос” вонамуд карда, ғояҳои ифротӣ паҳн менамоянд. Умуман ҳама гуна даъвоҳои фирориёни ин ҳизбу гурӯҳи мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Баробари ин хоинони миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна бӯҳтон ва танқидҳои беасос нисбати кишварамон ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Аён аст, ки ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, барои ба мақсадҳои муғризона расидан бо дини мубини Ислом онро пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн кӯшиш доранд. Кабириву ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Беҳзод Тағойзода дастовардҳои кишварамонро нодида мегиранд ва аз ободию рушди он ба таҳлука афтодаанд. Ин ҳолат аз гуфтору рафтори бадхоҳони миллат бараъло маълум аст. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд.
Таъкидан бояд қайд кард, ки мардуми тоҷик мисли пештара, яъне солҳои навадуми асри гузашта нест. Мо имрӯз муттаҳид ҳастем ва аз як гиребон сар баровардаем. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастиву ҷовидон мондани он ҷоннисориҳо мекунанд. Мо шукрона мекунем, ки дар чунин Ватани ободу осоишта ва биҳиштосо оромона умр ба сар мебарем. Бинобар ин бо бовар дорам, ки ягон бадхоҳони миллат наметавонанд дар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна эҷод намояд.
Мо бояд минбаъд низ дар атрофи Ҳукумати кишвар муттаҳид бошем. Дар оянда низ ҷавонони боору номуси мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

ШАРИПОВ А.
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *