СУХАНОНИ КАБИРӢ БЕАСОСАНД!!!

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Озодӣ” як мусоҳибаи Муҳиддин КАБИРӢ бо номи  “БА НАЗАРИ МАН ИН ИНТИХОБОТ ПОЁНИ ГУНОГУНАНДЕШӢ АСТ” ба нашр расидааст, ки мо ба андешаҳои ӯ аслан розӣ нестам ва андешаҳои барғалати Раиси Паймони миллиро дар Аврупо маҳкум менамоем.  Муҳиддин Кабирӣ таъкид менамояд, ки баъди маън гардидани фаъолияти ҲНИ дар соли 2015 аввалин интихоботе аст, ки бе ҳузури ҳизб баргузор мегардад ва интихоботи 2020 – ро поёни гуногунандешӣ номидааст. Аммо дар асл чунин нест ва ҳамаи ҳизбҳои дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ба интихобот омодагии ҳаматарафа дида, ба тарғибу ташвиқи номзадҳояшон машғул гардида, тавассути телевизион баромад намуданд. Ин худ нишони демократия ва гуногунандешӣ аст ва фикр мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳеҷгоҳ бар зидди демократия ва арзишҳои демократӣ корҳои ношоиста амалӣ карда намешаванд.

Дар идомаи суҳбат Муҳиддин Кабирӣ ба масъалаи овоз додан ба Ҳизби сотсиал-демократӣ Тоҷикистон ишора карда, таъкид менамояд, ки ҲСДТ дар чунин айёми басе вазнин барои Тоҷикистон ҷасорат карда, вориди корзори интихобот гардид ва мо ҳамаи тарафдорони худро даъват намудем, то ба тарафдории ин ҳизб овоз диҳанд. Худ қазоват кунед, агар демократия ва гуногунандешӣ намебуд, оё ҲСДТ метавонист, вориди интихобот шавад. Раиси ҲСДТ дар васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба баргузории интихобот ва аз байн бурдани гаравпулӣ барои иштирок дар интихобот борҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт. Ин ҳам оё нишони демократия ва гуногунандешӣ нест?

Мо мусоҳибаҳои Раиси ҲДТ ва Раиси ҲСТ ва Ҳизби агарарии Тоҷикистонро тавассути васоити ахбори умум мутолиа намуда, бо барномаҳои пешазинтихобии онҳо ошно гардидем. Онҳо низ фикру мулоҳизаҳо ва андешаҳояшонро озодона баён дошта, бо тасмими қатъӣ вориди интихоти имсола гардиданд. Аммо чӣ овозеро соҳиб мешаванд ба ирдаи райдиҳандагон вобастааст ва ҷамъбасти натиҷаҳои интихобот онро собит хоҳад кард.

Суханони М.Кабирӣ  аз он шаҳодат медиҳанд, ки то ба имрўз низ ин шахсиятҳои ба ном ғамхори миллат аз нақшаю ниятҳои нопоки худ даст накашидаанд ва боз чи гуна «корҳои ташкилӣ», «бозсозӣ», кадом мубориза ва бо кадом мақсадҳо омода карда истодаанд.

Аҷабо ба тӯҳматбофиҳои Раиси Паймони миллӣ кӣ бовар мекарда бошад? Зеро мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд. Ва ҳамеша иброз менамоянд, ки тамоми мардум пайрави Пешвои миллатанд. Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, ҳама барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем.

Лозим ба таъкид аст, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад. Дар чунин шароити бисёр ҳассос мо бояд якдилу якҷон гардида, барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду талоши созанда намоем.

 

Абдумавлон Азимов,

Раҷабмуҳаммад Раҷабов,

Исроилҷон Иброҳимов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *