СУХАНҲОИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ М.КАБИРӢ НИСБАТ БА БЕМОРИИ КОРОНОВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН .

 

Амалҳои зишти содирнамудаи ҳизби мамнӯъи назҳатиён ба ҳама маълум аст ва нисбати ин ҳизб ҳама имрӯз лаънат мехонанд. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки ин гурӯҳи бадандеш бо роҳбарии М.Кабирӣ ҳар ҳодисаро бо аъмоли зиддиинсонии даҳшатфикании хеш қиёс мекунанд. Ошноӣ бо ҷаҳонбинӣ ва бунёдҳои мафкуравӣ, инчунин усулҳои муборизаи гурӯҳҳо, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ зарурати омӯзиш ва мавриди тааммул мебошанд. Зеро надонистани ҳадафҳои стратегии онҳо ҷомеаро метавонад ба муаммои сарбастае рӯ ба рӯ карда, боиси ҳарҷу марҷ ва нооромиву бесарусомониҳои зиёд шавад.

Мутаассифона, бемории сироятӣ бо номи коронавирус“COVID-19” аксари мамлакатҳои оламро фаро  гирифтааст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос М. Кабирӣ доир ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон бо суханҳои иғвоангезонаи навбатиаш мехоҳад манфиатҳои ғаразноки худро ба даст оварад. Ҷавобан ба суханҳои иғвоангезонаи М.Кабирӣ  метавон қайд кард, ки бо гапҳои беасосу ношоистааш ҳеҷ гоҳ мардумро ба тарафи худаш нигаронида наметавонад. Имрӯз хушбахтона вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ муътадил аст. Онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ дар карантин қарор доранд, ҳолаташон мусбӣ мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда мерасанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротии М.Кабирӣ наҳоҳанд шуд.

       Файзиева С.А.-мудири кафедраи  забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *