Суҳроб Сатторов – ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” баргузор гардид, ки дар он 378 нафар донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо ҳам рақобат доштанд.


Дар Олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуда, донишсанҷӣ намуданд.

Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуда, маросими ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми дар “Кохи Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Мувофиқи натиҷаи кори комиссия дар байни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд донишҷӯи соли дуюми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Суҳроб Сатторов аз забони англисӣ ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф гашт, ки мо ба ин дастовард ӯро самимона табрику таҳният менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *