СОЗМОНУ ГУРӮҲҲОИ БАДХОҲ

Ҷомеаи ҷаҳониро авҷ гирифтани зуҳуроти нав, ба монанди экстремизизиму терроризм ва созмону  равияҳои гуногун солҳои охир ба ташвиш овардааст. Дар фаъолияти  аксари созмону гурӯҳҳои бо номи исломӣ ба назар мерасад,ки онҳо ҲНИ, «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ал-қоида», «Бародарони мусалмон», «Ансоруллоҳ», «Ҷундулллоҳ» ва амсоли инҳо дохил мешаванд.Ин гуна гурӯҳу равияҳо бо мақсади шахсӣ номи поки исломро истифода  менамоянд, ки бо ин амали нопокашон мақоми динро дар арсаи байналмилалӣ паст мезанад.Масалан ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарону аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ  ба номи дин ва ҳам миллат доғ оварданд, ки ин бори дигар аз намоиши филмҳои мустанад бо номи «Хиёнат» аёну тасдиқашро ёфт. Имрӯз намояндагони ТТЭ  ҲНИ дар хориҷи кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷиии худ баҳри ноором сохтани фазои сиёсии кишвар бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ хама гуна хабару маълумоти беасосу иғвоангезонаропаҳн намуда меҳоҳанд, бо ин роҳ байни мардум нобарӣ ва бадбиниро нисбати ҳукумати кишвар пайдо кунонанд. Бояд қайд кард, ки мутаассифона, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти эктремистӣ ва террористидошта дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд. Чунончӣ тибқи маълумоти ВАО дар соли 2020  аз ҷониби гуруҳу равияҳои бадҳоҳони миллат, ҷинояти хусусияти террористӣ ва эктремистидошта  содир намудаанд.Аз ҷумла: ТТЭ ҲНИ -17 нафар, -“Бародарони мусалмон”- 148 нафар,“Давлати исломии Ироқу Шом”-39 нафар,  “Ансоруллоҳ” – 8 нафар ва аз ҷоинби “Ал-қоида” 3 нафар.

Имрӯз тамоми шаҳрвандон ин амалҳои созмону гурӯҳҳои бадхоҳонро  маҳкум намуда, изҳори таассуф мекунанд, ки бо истифода аз номи ислом ба чунин амалҳои нангини даст задаанд. Бинобар ин, алалхусус ҷавонон, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҷавонони боору номуси кишвар ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

                                    Шарипов А.А. ,мудири шуъбаи мониторинг ва

                                                            назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *