Созмонҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои нопок доранд!

Бисёр аламовар аст, вақте  мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна  ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона,   баҳри манфиатҳои дунёхоҳон   беҳуда қурбон месозанд.  Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад ? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Имрӯзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор доллар кӯмак мегиранд, ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд.

Агар пеши роҳи ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони хориҷиашон гирифта нашавад боз бадбахтиҳои зиёдеро бар сари ҷавонони гумроҳу фиребхӯрда ва миллати тоҷик меорад.

Мутаассифона дар ҷаҳон ҳар таркишу куштореро, ки террористон анҷом медиҳанд ва ҳар кори зиддибашариро, ки  тарҳезӣ мекунанд, ба номи ислом рабт медиҳанд. Душманони ислом  бо ин рафторашон  меҳоҳанд номи поки исломро доғдор кунанд, амммо чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишварамон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён карданд: «Ислом дини муқаддас аст. Ҳадафу максадаш сулҳу осоиштагӣ ва аҳлоқи ҳамида мебошад. Террорист дин, ватан, модар надошта барои ӯ мукаддасоте вуҷуд надорад». Пас зарур аст, ки ҷавонони кишвари мо дар хусуси зишти ногувор будани терроризм ва экстремизм  бештар донанд ва аз зебоиҳои дину оини мазҳаби суннатии ҳеш – мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа огаҳии комил дошта бошанд.

Таъсисёбии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгарою террористиро маҳкум менамоем. Созмони “Паймони миллӣ”, ТТЭ ҲНИ, Анҷмуни озодандешон, Гуруҳи 24 чӣ ҳадафҳои нопок доранд, ҳама хуб медонем ва боварӣ дорем, ки мардуми кишвар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори аҷнабиён ва бадхоҳони миллат намегарданд.

Мо ба ҷавонон ва умуман насли даврони истиклол муроҷиат намуда, ҳоҳиш дорем фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони  гуруҳҳои ифротӣ  нашаванд. Умри ҷавони ҳудро бармаҳал ҳазон насозанд.  Илму ҳунар омузанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгулшукуфоии диёри ҳеш саҳмгузор бошанд.

Далер Рӯзиев,

устоди ДИС ДДТТ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *