Соли нав бодо муборак, ҳамзамонон, Соли нав!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шумо  профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рўзгор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва оғози нусратбахши Соли нави мелодӣ умедворем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми фарҳангпарвару ободгари кишвари офтобиамон минбаъд низ зиндагии ҳар кадоми мо шоиставу пурсаодат ва бо шодиву сурур мегузарад.

Боварии комил дорам, ки Соли нави мелодии 2020 барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеа, инчунин ободу зебо гардидани кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муассир мегузорад.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рўзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.

Соли нав, бодо муборак, ҳамзамонон, Соли нав,

Бахти нав, шодии нав, уммеди нав,  иқболи нав!

 

 

Соли 2019 бо ҳама файзу нусрат, барору муваффақиятҳои беназираш ба китоби таърихи Тоҷикистон ворид мегардад. Соле, ки аз тақвими зиндагии мо рафт, соли вусъати созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносию худогоҳии миллӣ барои аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёфт.

Баробари ин, соли сипаришуда дар партави ғамхории доимӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат – Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф пешравиҳои азим, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ривоҷи дўстию робитаҳои ҳамкории судманд ба вуқўъ пайвастанд.

Мо Соли нави мелодии 2020-ро дар фазои сулҳу суботи комил, Ваҳдати миллӣ, рўҳияи созандагӣ истиқбол гирифта, таманнои онро дорем, ки дар ин сол Тоҷикистони азиз боз ҳам сарсабзу шукуфотар гардад, ҷомеаи омӯзгорону муҳассилини саодати маънавии мо ба комёбиҳои бештар муваффақ гарданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб,  дар ин рўзҳои пурнишот ба Шумо умри комрон, тани сиҳат, хотири ҷамъ, осудагӣ, ривоҷи кору сарбаландӣ ва ҳама хушиҳои рўзгорро таманно менамоям.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод ва фирўзу комёб бошед!

Бо эҳтиром, директори ДИС ДДТТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Олимӣ Рауф Латифзода

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *