Вақтҳои охир хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, аз он шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ харакатери нав касб карда, боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар Афғонистон ба вуҷуд оварда истодаанд.
Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳо бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки имрӯз дар Афғонистон бештар амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломӣ тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар мекунанд.
Тибқи расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Афғонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд, ки дар моҳи октябри соли равон бештар таркишҳо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, аз санаи 3 октябр то 22 октябри соли равон, дар Афғонистон 5 адад амалҳои террористӣ ва 1 ҳамла аз ҷониби ҷангҷӯён содир шудааст Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад. Дар айни ҳол, асосан гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ ва “Ал-Қоида”фаъолияти худро барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ дар ин кишвар ба роҳ мондаанд.
Бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоии кунунии Афғонистон, аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи байналмилалӣ оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, ба аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда, зикр намудаанд: “Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. Чунин нигаронӣ бояд аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя ва умуман тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиддӣ гирифта шавад”.
Инчунин дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, пешниҳодҳои ҷолиби Пешвои миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд. Зимни баромади хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро доир ба қазияи Афғонистон эълон карданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии СММ дар пешбурди ин раванд ҳаст.
Воқеан изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Бинобар ин баррасии ин масоил дар сатҳи байнадмилалӣ бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлату миллат, бахусус кишварҳои ҳамсарҳад пайванди қавӣ доранд.
Метавон қайд кард, ки барои ҷасорату ташаббуси Пешвои миллат, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, дар ҳақиқат воқеаи нодир аст. Пешвои муаззами миллат дар ҳолати ниҳоят ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад ва дар ҳолате, ки дигар давлатҳо нисбати ҳаракати “Толибон” мавқеи худро пинҳон медоштанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки тасмигирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як шахс боз руҳу қувваи нав гирифта, соҳибватан будани худро аз сидқи дил эҳсос менамояд. Воқеан ин иқдоми сулҳҷӯёнаи Сарвари кишвар намунаи ибрат аст!
Дар фарҷоми андешаи хеш, изҳор менамоем, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои эътидол овардани авзои Афғонистон такони ҷиддӣ бахшида, барои таъмини сулҳу субот дар минтақа, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир ҳоҳад гузошт.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ