Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тўли 34 сол хело зиёданд. Баробари ин, дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияту мансубияташон мухталифи шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоиӣ Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад. Хурсандиовар аст, ки Тоҷикистони азизамон имрӯз дар худ симое наверо гирифта, рӯз то рӯз зеботару хуррамтар шуда истодааст ва он боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини мамлакат гардидааст. Вале, ин пешравию шукуфоии ватанро бархе аз хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати кишвар ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд. Чунончи тӯдаи ашхоси ифротӣ, ки ангуштшуморанд дар хориҷа паноҳ ёфта, бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, амиқтараш думравони наҳзату навнаҳзатиҳо,алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли…” мебошад, ки имрузҳо бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев тавассути канали YouTube-“Ислоҳ.нет.”-Ислоҳ.тv


баромадҳои ифротӣ намуда, байни мардуми кишвар тухми кинаву адоват кошта, таҳлука барангезониданаш ба назар мерасад. Хуллас, хоинони давлату миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари соҳибистиқлоли моро халалдор намоянд. Бинобар ин, мо бояд дар хотир дошта бошем, ҳоло ҳам дар хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ободиву тарақкиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ба вартаи ҳалокат афкананд.
Зимни мақолаву изҳороти ҳамешагиамон даъват ба амал меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, ҳеҷ кас бовар намекунанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Мо фаромўш намекунем, ки моро модари тоҷик ба дунё оварда, бо шири ҷонфизояш ба қалбамон эҳсоси меҳру муҳаббат ба ифтихор аз бузургону авлоду аҷдодамонро ҷой додааст. Ҳамин садоқату меҳр аст, ки барои мо обрӯю нуфузи диёр ва ҳар шаҳрванди содиқу вафодори он арзиши баланд дорад. Ҳамин садоқату меҳр аст, ки дигар ба чунин сияҳкороне чун наҳзату навнаҳзатӣ муборизаи беамон барем. Моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки ин қабил гуруҳаки иғвоангез маълум аст, ки ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон фаҳмонем ва бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои бадхоҳони миллат огоҳ созем.
М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ
