Шумо душманони озодандешӣ,  савдогарони ватан ва  муздурони бегонагонед!!!

Мушоҳида нишон медиҳад, ки «муассисон»-и ин анҷуман дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТЭТ ҲНИ  М. Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М.Кабирӣ нишаста, барои ӯ свита ё воҳима месозанд; ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд «озодандешон» ба ҳисоб раванд?  Чи тавр касоне, ки аз як ҳизби террористӣ ҳимоят мекунанд, худро паноҳгари миллат  меноманд?  Хоҷагони ҲНИТ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреб намехӯрад.  Агар дар ҳақиқат мароми ин  шахсон рушди демократия ва ҳифзи давлати дунявӣ бошад, пас магар муассисони он намебинанд, ки дар Тоҷикистон маҳз дар ҳамин самт чи қадар талош мекунанд? Оё онҳо хабар надоранд, ки давлат ва зиёиёни тоҷик маҳз барои ҳифзи низоми дунявӣ, барои аз хатари ифротгароии динӣ наҷот доддани ҷомеа, барои аз байн бурдани хатари ташкилоти ифротгарои ҲНИ ба сохти давлатдории дунявӣ чи қадар талошу ҷоннисориҳо кардаанд? Агар шумо ҳимоятгарӣ низоми дунявӣ бошед, чӣ тавр дар канори душманони дунявият сангар гирифтаед? Агар ин даъвоятон рост бошад, пас биёед, дар канори давлати дунявии Тоҷикистон бар зидди душманони дунявият, аз ҷумла ҲНИ ва дигар нерӯҳои ифротӣ мубориза кунед.
Агар дар ҳақиқат мақсади Шумо ободии Тоҷикистон бошад, пас биёед бо сиёсати ҳукумат ҳамқадам шавед, ки дар солҳои охир тамоми кишварро ба як саҳнаи ободию созандагӣ табдил додааст. Ё шояд Шумо ба мисли хоҷагонатон нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон дар чор фасли сол бо роҳҳои мумфарши сатҳи байналхалкӣ ба тамоми минтақаҳои кишвар рафтуомад мекунанд? Ё Шумо нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шудаю, ба содироти барқ рӯй меорад? Ё Шумо нороҳатед, ки имсол дар Тоҷикистон нахсустин чархаи НБО «Роғун» ба кор даромада, кишвар ба як қудрати энергетикӣ табдил мешавад? Агар аз ин дастовардҳо нороҳат нестед, пас чаро аз онҳо чизе намегӯед, онҳоро намебинед, аз онҳо истиқбол намекунед?
Ё агар дар ҳақиқат, мақсади шумоён «муаррифии миллат тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ» бошад, пас чаро ба икдомҳои бузурги давлат дар ин самт намепайвандед? Оё Шумо иқдомҳое бузургтар аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, ба феҳрасти ЮНЕСКО ворид кардани арзишҳо ва ёдгориҳои тамаддуни тоҷикӣ, бо ташаббусҳои глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани миллати тоҷик, аз минбари СММ садо додани нутқи тоҷикӣ ва ғайраро ҳатто тасаввур мекунед? Хулоса, агар Шумо ватандӯсту озодандешед, марҳамат, сангари ватандорию озодандешӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузоред. Аммо афсус, ки Шумо ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надоред ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории Кабирӣ ва муздури манфиатҳои хоҷагони хориҷии ӯ шудед.
Ҷои таассуф аст, ки ному симои Шумо ҳамчун душманони озодандешӣ, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд.

Тоҳирова М.,

н.и.ф.муаллимаи калони

кафедраи забонҳои тоҷикӣ

ва русӣ  ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *