Бахши табъу нашр

12-уми феврали соли 2010 таълимгоҳи мо, яъне Маҷмааи ягонаи таълимии ДДТТ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои (ДИС) ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд табдил дода шуд, шурўъ аз моҳи марти ҳамон сол номи моҳвораро ба «Иқтисод ва тиҷорат» иваз карда , оинномаи онро мураттаб сохтем ва барои тасдиқ ба Вазорати фарҳанги ҶТ манзур гардонидем.

Ниҳоят, баъди ташхисот моҳвораи «Иқтисод ва тиҷорат» 26-уми июни соли 2010 дар Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти рақами 0252/ро аз қайди давлатӣ гузашт. Воқеан, то вақти аз қайд гузаштан моҳвора тибқи муқаррароти Қонуни матбуот ва васоити дигари ахбори оммаи ҶТ бо теъдоди ҳамагӣ то 100 нусха аз чоп мебаромад. Минбаъд, аз моҳи сентябри соли 2010, обунаи моҳвора ба роҳ монда шуда, сафи хонандаҳои он торафт рў ба афзоиш овард ва айни замон он бо теъдоди то 1300 нусха дарҷ мегардад.

Ҳоло дар шўъбаи мо се нафар: мудири шўъба, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдулмаҷиди Бобоҷониён, муҳаррири моҳвора, рўзноманигори ботаҷриба Нуъмон Раҷабзода, муҳаррири ҷавон ва мутахассиси МЭҲ Каёнуш Калонов фаъолият мекунанд. Ғайр аз таъмини чопи мунтазами нашрия фаъолияти доманадор дар ҷанбаи таҳрири адабии китобҳои олимону устодон ва мақолаҳои илмии магистрантони донишкада сурат мегирад. Фақат соли 2010  наздик 30 адад китобҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии устодон аз таҳрири хушсифат бароварда, тибқи муқаррароти маъмурияти ДИС ДДТТ барои роҳ надодан ба ҳар гуна хатоҳои имловии забони давлатӣ комиссияи доимо амалкунанда таъсис дода шуд, ки бо ибтикори он ғалатҳои зиёди матнҳои эълонҳо, овезаҳо, шиорҳо, варақаҳои тарғиботӣ ва амсоли инҳо дар ҳар се бинои таълимии донишкада ошкор ва то қадри имкон ислоҳ кунонида шуданд. Шурўъ аз соли 2009 маводи конфронсҳои илмию амалии олимон, устодон ва донишҷўён дар шакли маҷмўъаҳои дастаҷамъӣ мунтазам ба табъ расонида, то ҳол теъдодашон 12 ададро ташкил медиҳад.

Дар воқеъ, шўъбаи интишорот, ки коргардони асосии маънавиёт дар сохторҳои гуногуни донишкада маҳсуб мешавад, таърихи начандон зиёди фаъолият дошта бошад ҳам, меваи боровари Истиқлолият ба ҳисоб меравад, дар тарғиб ва ташвиқи сиёсати дурандешонаи дохиливу хориҷии Сарвари Давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то қадри имкон саҳмгирӣ менамояд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки ба шарофати дастгириву фаъолияти якҷоя бо маъмурият, шўрои олимон, устодон ва донишҷўёни пешқадам нишондиҳандаҳои чи миқдорӣ ва чи сифатӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти донишкада рў ба афзоиш оварда истодаанд. Пас, месазад, ки ин ҳама дастовардро, як навъ, тўҳфаи арзандае ба ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ намоем.