Мо аз шабакаи интернети пай бурдем, ки яке аз шоҳиди зиндаи бедоди ҲНИТ Сияҳаков С.Ш. – ки яке аз роҳбарони САМНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва таҳрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ будааст.
Сияҳаков Сайҷалол 30-уми майи соли 1954 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён дар оилаи деҳқон тавалл шуда, муддате чанд (1976-1979) дар сиситемаи комсомол кору фаъолият намуда то вазифаи мудири шӯъбаи ташкили расидааст. Соли 1979 то 1980 дар шаҳри Белорусия барои таҳсили яксолаи Мактаби олии КБД ИҶШС таълимии махсус гирифтааст. Соли 1984 ба Шӯъбаи 5-уми РКБД дар шаҳри Кӯлоб гузашта то соли 1988кор кардааст.
Бояд қайд намоям, ки ҲНИТ тамоми кӯшишро ба харҷ медод то Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнагун сохта сохтори низомии исломиро дар Тоҷикистон ҷорӣ намояд. Барои амалӣ шудани ин ҳадаф ҳатто аз доираи хешу табор ва авлоди Амир Олимхони манғити туркнаҷод, ки дар Афғонистон сукунат доштанд даъват ба амал меомад ва барои «ҷиҳод» алайҳи кофарон бо онҳо бипайвандад.
Боре чанд нафар аз қавми Амир Олимхон Иброҳимбеки босмачи ва як гурӯҳ тоҷиктаборони замони инқилоб фирор гашта, ба назди роҳбарияти ҲНИТ ташриф оварда даъват кард, ки «равед ба Тоҷикистон сулҳ кунед, Ватани худро аз даст надиҳед.»
ҲНИТ хадамоти махсуси Эрон буда, аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонд. На аз куштори зан, кӯдак, хоҳару бародар. Он лафзи ширине, ки ба истифода мекунанд амалаш ҳамин аст.
Агар ҲНИТ ҳамчун хадамоти махсуси Эрон далел кобад ҳамаро «тӯҳмат», «бӯҳтон» мегӯяд: ака марҳамат, ман шоҳиди далелҳос ин «меҳрубониҳо»-ам. Эрон мисли ман садҳо шоҳиди дигар ҳаст. Пурсед, онҳо омодаанд, бо Шумо аз ин бештар маълумот медиҳанд. Дигар таваккал ба худо.
Дар асл, ҳамаи факту далелҳо исбот мекунанд, ки ҲНИТ ҳамон ДОИШ асту ДОИШ ҳамон аст. Як идеология, як спонсор, як вазифа, як тарзи фаъолият ё тавре мегӯянд, “як почерк”. Фақат вобаста ба мамлакати ҷойгиршавӣ дар номи ДОИШ калимаҳои «Ироқ ва Шом» омадаасту дар номи ҲНИТ калимаи «Тоҷикистон».
Хулоса, дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистон дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод.
ҲНИТ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад, аммо дар маҷлисҳои махфӣ ва дар ҳисобот ба хоҷагони хориҷӣ, ки сабти онҳо ҳаст, мақсади ҳақиқии худро ташкили давлати исломӣ меноманд.
Юсупова Н