Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгароӣ атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурўҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрўзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрўз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Дар баробари ҳамаи ин аққлиятҳое низ вуҷунд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дини мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанўз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ муаммоҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад ҲНИ, ки баъди интишори Қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон» 12-уми декабри соли 1990 аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ташкил ёфтан гирифтанд.
ҲНИ 26-уми октябри соли 1991 ташкил ёфт. Муттаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурўҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ингуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор буданд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди шаҳрвандон ба фиребу найранги дини офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурўҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафта истодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд.
Дар шароити хуби имрўзаи рўзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ба тағйиру таҳаввулоти босуръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бедодгариҳои диниро ба дўши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерўҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои Осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошад. Аз ин ҷост, ки ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ, истогарӣ ва пирўз шуданро мақоми худ кардааст.
Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта, 22-юми декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуи Ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурўҳи ифротгарию террористӣ тақозо менамояд, ки сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.
Ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод Саидкамолова Ш.Э.