ШИКАСТИ НАҲЗАТИҲО ДАР САҲА

Дар давоми солҳои 2018 ва 2019 бо дастгирии ташкилоти байналхал-қии САҲА собиқ раиси ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” (ТТЭ ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ бо тарафдорони худ дар кишварҳои Аврупо фаъолияти зиддиҳукуматиашонро пурзӯр намудаанд.

9 сентябри соли 2018 ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” (ТТЭ ҲНИ) якҷоя бо се созмони камошно, аниқтараш маҷозӣ (виртуалӣ) – Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракат барои рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо оид ба созмон додани ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” дар пойтахти Полша шаҳри Варшава эълон доштанд, ки роҳбари он саркардаи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардид.

Дар баромади худ М.Кабирӣ дар бораи таъсиси “Паймони миллии Тоҷикистон” хабар дод, ки ташкилкунандагонаш Шарофиддин Гадоеви аз гурӯҳи 24 рондашуда, Олим Шерзамонов, Темур Варқӣ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ мебошанд. Муовини М.Кабирӣ Шарофиддин Гадоев эълон гардид.

Ҳамаи се созмонҳои номбаршуда на қувваи воқеии сиёсӣ, на заминаҳои иҷтимоӣ, на ягон дастгирӣ аз тарафи аҳолӣ доранд. Яъне шарикони номбур-даи ТТЭ ҲНИ танҳо дар коғаз вуҷуд доранд, ягон аҳамияти воқеиро доро нестанд ва ягон чиз ғайр аз парда барои ТТЭ ҲНИ аз худ зоҳир намекунанд. Аз дигар тараф мақсад ва вазифаҳои “Паймони миллии Тоҷикистон” аз барномаҳои ҲНИ гирифта шудааст. Ба ёд меорем, ки онҳо суханҳои “ҳифзи сохтори демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, ташкил ва фароҳам овардани шароитҳо барои ба ҳар нафар баргардонидани ҳуқуқ ба озодии сухан, ақида, виҷдон, ҷамъомад ва иттиҳодияҳо”-ро ниқоб намуда, кирдорҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Яъне бо амалияи хунин ба тағйири сохтори давлатӣ, ташкили давлати исломӣ, ҷорӣ намудани тартиботи шариатӣ дар Тоҷикистон машғул буданд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз ягон воситаю усулҳои зиддиинсонӣ рӯй наметофтанд. Дар гирдиҳамоиҳои майдонҳои шаҳри Душанбе рӯирост мардумро ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани давлати қонунӣ даъват мекарданд.

Аз гуфтаи коршиносон маълум шуд, ки Кабирӣ барои ташкили Паймони миллии Тоҷикистон се сол заҳмат кашидааст.

Номи пурҷозиба ва дилрабо. Аммо маълум гашт, ки ин ном ҳам дуздӣ будааст. Олим ва сиёсатшиноси номдор Ҳафиз Бобоёров эълон дошт, ки ин ном моли ӯст ва Кабирӣ ин номи воқеъан зеборо дуздидааст ё касе аз огоҳон фурӯхтааст.

Ҳатман бояд зикр кард, ки Кабирӣ талош дошт, то Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони обрӯманди муқими Аврупо бо ӯ бипайванданд. Аммо онҳо пайвастан бо як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро барои худ мояи ор донистанд.

«Гуруҳи 24», «Ватандор» ва Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон низ ба ин эътилоф напайвастанд. Посухи эътилоф бо Кабириро Сӯҳроби Зафар — роҳбари «Гуруҳи 24» барвақт дода буд: «Мо ҳеҷ гоҳ ба киштии шикастаи Кабирӣ нахоҳем нишаст ва ягон хел ҳамкорӣ нахоҳем кард!»

Додоҷон Атовуллоев баёния пахш кард, ки бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳад баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд.

Аз дигар тараф кирдорҳои гузаштаи хунини роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба онҳо имкон намедиҳад, ки бо номи худ дар бораи демократия, озодӣ ва ҳуқуқ гап зананд. Бинобар ин онҳо созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” ҳамчун парда истифода мебаранд. Зеро, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ худашро дар солҳои 90-уми асри 20 хеле сиёҳ намуд, дастони ӯ ба ҷиноятҳои хунини террористӣ олуда аст, ки дар садҳо ҷилд корҳои ҷиноятӣ ва ҳазорҳо далел тасдиқ шудаанд. Бо иқрори худи Кабирӣ мақсади асосии Паймони миллӣ ин вайрон кардани сохти конститутсионӣ аст.

Дар бораи кирдорҳои даҳшатноки ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он роҳбарони кишварҳои ғарб намедонанд? Албатта медонанд, лекин онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз ягон усулу воситаҳо рӯй намегардонанд, ҳатто дастгирии рӯирости ташкилотҳои террористӣ. Ин нишон медиҳад, ки элитаҳои сиёсии Ғарб нисбати давлатҳои собиқ шӯравӣ “стандартҳои дугона”-ро истифода мебаранд. Онҳо дар симои Тоҷикистони соҳибистиқлоли рушдёфтаистода рақиби иқтисодӣ ва тиҷоратии худро мебинанд. Ба назари онҳо ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар кишварҳои ғарб ғайриқонунӣ ва хатарноканд, лекин дар кишварҳои собиқ шӯравӣ тарафдори демократия, ҳуқуқ ва инсондӯстианд.

Дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани роҳбарони собиқ ҲНИ бо ниқоби нави Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз дастгирии созмони САҲА амалӣ шуда истодааст. Онҳо дар шаҳрҳои Варшава, Берлин, Вена нишасти матбуотӣ ташкил намуда, бар муқобили кишвари озоди мо бӯҳтонҳо ва иғвогариҳо эҷод намуда истодаанд. Ба ақидаи онҳо босмачиён қаҳрамонони миллати тоҷик будаанд. Бо ин ақидаашон онҳо моҳияти худашонро дар симои босмачиҳо нишон дода истодаанд, ба монанди ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ниқоб кардани дини мубини Ислом ва ғайра.

Кабирӣ босмачиёнро қаҳрамони миллат номид. Кадом босмачӣ ба рушду нумӯи кишварамон ҷон коҳондааст. Дар тадқиқотҳои худ олими намоёни тоҷик Атахон Сайфуллоев хеле бамавқеъ овардааст:

«Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд».

Садриддин Айнӣ дар мақолаи Босмачиёни Фарғона кистанд? навиштааст: “Босмачиҳо на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, меншевик, балки пеш аз ҳама дузд, дузди ғаддор ва яғмогари хунхор буданд”.

Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин нохалафон аз давраи буданашон то ба имрўз барои як мақсад – талаву тороҷи мардуми бечора равона буданду халос. Кабирӣ дар рӯзи зоида шудани эътилофаш эълон дошт, ки босмачиҳо ҳамчун қаҳрамонони миллӣ эътироф шаванд. Ӯ ба ҳамкосаҳояш вазифа дод, ки сафед кардани босмачиҳо аз барномаҳои асосии ин Паймони миллаткуш аст.

Ҳар каси солимақл суханронии Кабириро дар ҷаласаи «эътилоф» мутолиа кунад, ҳатман ба хулосае меояд, ки ин даъват ба асри миёна аст. Ба ин маърӯзаи Кабирӣ ду шиор намерасад: «Зинда бод ҷаҳолат, таассуб ва торикӣ!», «Нест бод илм ва маърифат!».

Аз рӯи ҳамин шиорҳо ҳизби наҳзат дар давоми бисту панҷ сол як насли нави ҷавонони тиҳимағзро тарбия карда, ба воя расонд, ки таассуб ва ҷаҳолат дар мағзу устухонашон ҷойгир аст. Аз забони Кабирӣ чанд маротиба ибораи «муборизаи миллӣ-мазҳабӣ» садо дод.

Муборизаи шумо, наҳзатиҳо, на миллӣ буд, на мазҳабӣ. Шумо соли 1992 мазҳабро барои ба даст овардани қудрат истифода бурдед. Ба шумо ҳукумат даркор буд, то ки моликияти умумихалқии ҷумҳуриро, ки он вақт тақсим нашуда буд, ба дасти худ гиред. Шумо  дар бораи кадом муборизаи миллӣ ҳарф мезанед?! Вақте ки пешвоҳои шумо ва муридонашон ҳамон солҳо дар ҳар як амри маъруфашон таъкид мекарданд, ки дар ислом миллат вуҷуд надорад?

Баҳори соли 1929 собиқ беки Ғарм Фузайл Махсум мисли ҳамлаи гургон ба водии Рашт шабохун зад. Мактабҳоро оташ зад, се муаллимаро дар Ҳоит ба дор кашид, ҷавонзани чорумро, ки ҳомиладор буд, мӯйсафедон дар сари дор аз дасти ин ҷаллод бо нолаву зорӣ гирифтанд.

Ворисони Фузайл Махсум соли 1992 водии Раштро Давлати Исломӣ эълон карданд. Ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Душанбе донишгоҳ, техникум ва ҳатто ПТУ-ро хатм кардаанд, кофир эълон карда, номашонро дар рӯйхати сиёҳ барои ба қатл расондан сабт намуданд. Пеши роҳи қатли омро қумандон Мирзохӯҷа Низомов гирифт.

Аз рӯи мантиқи Кабирӣ, агар Фузайл Махсумҳо, Иброҳимбекҳо қаҳрамони миллӣ бошанд, пас роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов, ки тавонистанд дар зарфи ҳафтод соли шуравӣ потенциали бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҷумхурӣ бунёд созанд, бояд кофир ва душмани халқ эълон карда шаванд?!

Аллакай тамоми кишварҳои Аврупоӣ аз шаклу шамоил ва рафтору кирдори намояндагони терроризми байналхалқӣ, чун ТТЭ ҲНИ ба пуррагӣ безор буда, онҳоро тамоман чашми дидан надоранд. Воќеан њам, имрўзњо на танҳо давлатҳои аврупоӣ, балки мамолики мусалмоннишин ҳам, ифротиву тахрибкоре чун намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро хеле хуб дарк кардаанд. Аз ин сабаб мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки гарчанде наҳзатиҳоро дар кишварҳои Аврупо созмони обрӯманди САҲА дастгирӣ кунад ҳам, онҳо шикаст хӯрдаанд. Зеро, ки аз дилу нияти нопоки онҳо мардуми кишварамон ва берун аз он медонанд ва ҳеҷ гоҳ тарафдори онҳо намешаванд.

Исроилҷон Иброҳимов,

дотсенти кафедраи математика ва

 технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *